Имрӯз, дар кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозии факултети электромеханика нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар чорабинӣ муовини декани факултети электромеханика оид ба корҳои тарбиявӣ Саидов Анвар дар мавзуи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон—роҳнамои саодатбахши миллат”, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Насриддинов Шаҳбоз дар мавзуи “Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи зиндагисоз ва нақшаи куллии ҳаёти ҷавонони меҳандӯст”, мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ Холов Зафаҷон Абдуғаффорович дар мавзуи “Паёми Президент таҳрикбахши саноатикунонии босуръати кишвар”, омӯзгорони фаъоли ҳамин кафедра Қобилов Валӣ дар мавзуи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва раванди созандагиву ободкорӣ дар кишвар”, Ҳоҷибоев Д.Д. дар мавзуи “Ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат” ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз санадҳои муҳиму сарнавиштсоз ва стратегияи созандагӣ буда, барои ҳар як фарди худогоҳу худшинос, ватандӯсту масъулиятшинос нақшаи мукаммал ва роҳнамо бар масири саодат мебошад.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯён низ фаъолона иштирок намуда, суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозии факултети электромеханика аз кафедраҳои фаъол дар Донишкада буда, дар 7 корхонаи саноатӣ ва мошинсозӣ филиали худро дорад.
Шуъбаи иттилоот



