ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз, дар толори Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, муовини декани факултети электромеханика оид ба тарбия Саидов Анвар ва дигар кормандону омӯзгорон ширкат намуданд.
Ҷаласаро муовини аввали ректор, олими ҷавон ва меҳандӯст, маорифпарвар ва масъулиятшинос Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Мавсуф дар мавзуи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастури сарнавиштсози миллӣ” суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт, бисёр ҳам ҷолиб ва боиси хурсандист, ки ҳамасола дар Паёми хеш Роҳбари давлат ба масъалаҳои калидӣ аз ҷумла, рушди иқтисодиёт ва набзи пешрафт сухан мекунанд ва мо ҳамватанон шоҳиди боз ҳам як соли муваффақият, дастовардҳои беназир ва рушди кишвар мегардем. Барои ҳамватанони арҷманд маълум аст, ки зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо Тоҷикистони азиз хеле рушд намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гардид ва пеш аз ҳама дар арсаи ҷаҳонӣ шинохти баланд пайдо намуд. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб мешиносанду эътироф менамоянд. Ва ҳамин шинохт ва эътироф аллакай як муваффақияти миллати сарбаланди тоҷик мебошад. Мегӯянд, ки инсонҳои қудратманд давлати қавӣ месозанд ва ҳамин қудрат, ҷасорату шуҷоат, сиёсати устувори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро имрӯз давлати тавонманд ва устувор сохтанд. Бо сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар Тоҷикистони ҷангзада ба харобгардида ба як Тоҷикистони нав, биҳишти рӯи замин табдил ёфт, ки ин ҳам натиҷаи заҳмати ин абармарди арсаи сиёсат, шахсияти таърихсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ  муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон дар мавзуи “Ҷойгоҳи таълиму тарбия дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ва муовини декани факултети электромеханика Саидов Анвар дар мавзуи “Хурофотпарастӣ ва пешгирӣ аз ҷаҳолатпешагӣ” сухан ронда, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шаҳру тавзеҳ доданд.
Дар ҷаласа ҳайати профессорию омӯзгорӣ фаъолона ширкат намуда, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ҳуҷҷати муҳим ва сарнавиштсозу роҳнамо унвон намуданд.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов