Дар мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар доир ба масъалањои зарару хатарњои таассуби хурофотпарастї мавриди таваҷҷуҳи амиқ қарор гирифт. Дар робита ба ин масъала, Сарвари давлат бо таассуф изҳор доштанд, ки: “бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст”. Пешвои миллат бо зикри ин матлаб аз таъсири чунин раванди номатлуб ба мақому ҷойгоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии Тоҷикистон, ки ҳамчун кишвари дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ташаббускору пешсаф эътироф гардидааст, ҳушдор доданд, ки бояд барои ҳар яки мо қобили дарк бошад.
Аз ин лиҳоз доир ба мафҳуми хурофот ва аз куҷо маншаъ мегирад маълумотҳои мушаххасро пешниҳод менамоем. Бояд зикр намуд, ки боиси таассуф ва нанг аст, ки баъзе аз њамватанони мо, бо вуҷуди пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат, ҳоло ҳам пойбанди хурофоту ақидаҳои иртиҷоӣ ҳастанд. Рушду пешрафти илмиву технологии ҷаҳон гӯё ба назар наметобад, ки боз ҳам дар доираи меъёрҳову хусусиятҳои фикрии асримиёнагӣ андеша меронанд. Бо назардошти гуфтаҳои боло, саволҳое дар зеҳн пайдо мешаванд, ки худи хурофот чист? Аз куҷо маншаъ мегирад? Барои чӣ то кунун вуҷуд дорад? Кадом қишрҳои ҷомеа бештар хурофотиянд? Магар хурофот метавонад, ки пайомади мусбат дошта бошад? Зарари хурофот барои ҷомеа дар чӣ ифода меёбад? Чӣ тавр онро бояд решакан намуд?
Муҳаққиқон бар он назаранд, ки бештари устураҳо аз даврони қадим бо тахайюл эҷод гардида, то замони мо омада расидаанд. Он ҳама тахайюлу сафсатаҳо ба хурофот табдил ёфта, ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа гардидаанд. Одамон то андозае пойбанди афкори эътиқодӣ гардидаанд, ки ҳатто онро ба як расму одати рӯзмарраи худ табдил додаанд. Ҳоло ҷомеаҳои рӯшанфикр ба ин хулоса расиданд, ки хурофот асосан аз нодонӣ, маҳдуд будани донишу маърифат ва ҷоҳилии одамоне сар мезанад, ки онҳо ба сухани ҳар гуна авомфиребон, монанди ҷодугарон, фолбинон, тилисмшиканон, ки гӯё онҳо илми ғайбро медонанд, бовар мекунанд. Ҳоло ҳам, ҳастанд нафароне, ки то ҳол ба аловгардон, мушкилкушо, бахткушо ва ғайра эътиқод доранду умри азизи хешро сарфи ин гуна корҳо месозанд.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, узви Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, андеша дорад, ки хурофот аз доираи дин ва аҳкоми он берун аст. Яъне, ба дин наздикӣ надорад. Аз нигоҳи илмӣ бошад, хурофот гапи исботнашуда, бофтаву сохта аст.
Хурофотпарастӣ пайравӣ намудан аз ақидаҳои ботил ва беасос мебошад. Хурофоту ҷаҳолатро Қуръон, шариати исломӣ шадидан маҳкум менамояд, зеро хурофот мардумро гирифтори худ сохта, барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеа мешавад, – гуфт Ҷамолиддин Хомӯшӣ.
Мутаассифона, имрӯз, баъзеҳо назди фолбинон ё ҷодугарон рафта, аз тақдиру ояндаи худ пурсон мешаванд ва гӯё пеши “корашон”-ро мекушоянд. Худованд дар ояти 11-уми сураи “Раъд”-и Қуръон мефармояд: “Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо [худ] он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд” Яъне, ҳар кас танҳо худаш метавонад, ки бо меҳнату заҳмат сатҳи зиндагиашро хуб гардонад. Ба умеди соҳиру фолбин будан нишони адами хирад аст. Дар байни мардум сухане маъмул аст, ки мегӯянд: “Аз ту ҳаракат, аз Худо баракат”. Пас, агар мо барои беҳбудии корамон талош намоем, дигар ҳоҷат ба фолбин намемонад. Балки рӯзгорамон осуда мегардад.
Роҷеъ ба падидаи номатлуб хурофоту хурофотпарастӣ қайд кардан зарур аст, ки хурофот ин ақида ва фикрҳои пучу беасос аст. Андешаи хурофотӣ – яъне доштани андеша, ақида ва фикрҳои пучу беасос, ки ба дигарон ва муҳити атроф таъсири худро мерасонад.
Аз ин лиҳоз дар ин навиштаи худ мо дар мавриди як зуҳуроти хатарнок барои ҷомеа – хурофот ва хурофотпарастӣ шуморо огоҳ хоҳем кард. Зеро ин зуҳурот, ки аз ҷаҳолату нодонӣ ва дур мондан аз илму дониш сарчашма мегирад, дар аксар маврид боиси бадбахтиҳое дар ҷомеаҳои гуногун гардидааст.
Унсурҳои гуногун дар мисоли хурофотпарастӣ ва дар заминаи он ифротгароиву терроризм ҳамеша ба дастоварду оромии ҷомеаи мо таҳдид мекунад. Мо бояд фаромуш накунем, ки хушбахтии оила, ободии оила, ояндаи фарзнадон,зиндагии хуби мо ин аз сатҳи донишу маърифатнокии мо вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат, хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад, пеши роҳи рушди устувор ва гулгулшукуфии ватани азизамонро мегирад.
Муттаасифона дар соҳаи дин, хурофотпарастӣ низ ҷой дошта, хурофотиҳо аз ақидаҳои нодурусту бепоя ва ҳадисҳои заиф истифода намуда, ҷавонони ноогоҳро ба доми терроризму ифротгароӣ мекашанд, сабаби бадбахтии онҳо, сабаби хунрезиҳо ва нооромии ҷомеа мегардад.
Албатта, аксари мардуми тоҷик мусулмон буда, дини мубини Ислом бахши таркибие аз ҳуввияти онҳост. Дар содсолаҳои тӯлонӣ арзишҳои исломӣ ва арзишҳои миллии тоҷикон ба як ҳамзистии мавзуну муътадил расидаанд, ки ин ҳолат бояд дар самти нигаҳдошти ҳуввияти миллии тоҷикӣ мусоидат намояд. Бояд донем, ки ин ҳамзистии мавзуну мўътадил маҳз инояти Парвардигор дар паноҳи давлати мустақил, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар амон аст.
Чи хеле, ки дар боло қайд намудем дар айни замон дидгоҳи ифротгароии динӣ ва хурофотпарастӣ, ки аз тарафи гурӯҳҳои сиёсӣ пеш бурда мешаванд, на таълимоти асилу анъанавии динӣ, балки фаҳмиши тунду маҳдуди идеологӣ аз динро матраҳ намуда, ҷавҳари имонӣ, ахлоқӣ, ибодатӣ, маърифатӣ ва ҳидоятии динро дар ҳошия мегузорад. Бояд донем, ки чунин фаҳмиши нодурусту хурофотишавӣ арзишҳои миллӣ ва давлатдории миллии тоҷиконро зери хатар мегузорад. Бинобар ин, афзоиши ифротгароии динӣ ба ҳуввияти миллӣ, арзишҳои миллӣ ва давлатдории миллии тоҷикон хатарбор аст.
ҷиҳати нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ моро зарур аст, ки ҳар як тоҷик бояд дар диндорӣ исломи ростини муътадил ва мазҳаби бобоии худ мазҳаби ҳанафиро пайравӣ намуда, онро ба наслҳои оянда расонад.
ҳар як тоҷик бояд тавозуни ҳаётии миллӣ ва дунявиро ҳифз кунад, ба равияҳои ифротӣ напайвандад, аз ифротгароӣ пайравӣ накунад.
Динро ҳамчун воситаи муборизаи сиёсӣ ва касби қудрати сиёсӣ истифода накунад ва динро воситаи ихтилофи миллӣ ва парокандагии миллат қарор надиҳад.
Барои мо миллати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳангӣ тоҷик дар ин шабу рўз дар давроне, ки рушди бемайлони илму технологияҳои нав боло рафта истодааст, руй овардан ба хурофотпарастӣ мояи нанг аст. Чихеле ки мегўянд «Хурофот ҷаҳолат аст»
Дар роҳи мубориза бо ифротгароиву терроризм ва хурофот мо ҳамон вақт муваффақ мешавем, ки ин хатарро ҳамчун як хатар барои худ, барои аҳли оилаву наздикон шиносем.
Борҳо қайд кардем ва қайд мекунем, ки мубориза бо ин зуҳурот танҳо кори давлату ҳукумат нест. То агар мо хатари ин вабои асрро дуруст дарк накунем, аз ифрот, хурофот, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, бесаводӣ, бедонишӣ ва ноогоҳи аз илму дастовардҳои замони муосир раҳо нашавем, фарзандони худро барои донишомўзӣ, забономўзӣ равона накунем, ҳаргиз ба саодоати рўзгори хеш муваффақ намегардем.
Андешаҳои хурофотӣ мардумро ба худ гирифтору пойбанд сохта, барои ба таври пайваста баланду беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеъ мешаванд.
Аз нуқтаи назари шариати исломӣ низ хурофот амалу кирдори аз доираи дин берун буда, пайравию гирифторӣ ба хурофот наҳй шудааст. Тавре ки дар ояти 163-юми сураи “Анъом” омадааст:
Дар ҷомеаи пуртазоди имрӯза, ягона роҳи таъмини хушбахтии воқеии мардум илму дониш аст, на хурофоту ҷаҳолат. Баръакс, тавассути хурофот ва арзишҳои куҳна мо ба таври сунъӣ чархи таърихро ба қафо гардонда, сабабгори тирарӯзии худу дигарон мегардем. Аз ин хотир, зарур аст, ки дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ нишон дода, ба муқобили хурофоту арзишҳои куҳнаи асримиёнагӣ мубориза барем. Аз равияҳои тундгарои динӣ канор ҷуста, чун ниёгони хеш парчами илму маърифатро баланд бардошта, онро роҳнамои ягона ва, воқеан ҳам, дурусти зиндагӣ қарор диҳем.
ХУЛОСА
Аз натиҷаҳои тахлили ин мақолаи тарбиявӣ чунин хулосаҳои зерин баровардан мумкин аст:
- хурофот ин ақида ва фикри пучу беасос аст;
- яъне доштани андеша, ақида ва фикрҳои пучу беасос, ки ба дигарон ва муҳити атроф таъсири худро мерасонад ва ин зуҳурот, ки аз ҷаҳолату нодонӣ ва дур мондан аз илму дониш сарчашма мегирад, дар аксар маврид боиси бадбахтиҳое дар ҷомеаҳои гуногун гардидааст;
- унсурҳои гуногун дар мисоли ҳурофотпарастӣ ва дар заминаи он ифротгароиву терроризм ҳамеша ба дастоварду оромии ҷомеаи мо таҳдид мекунад;
- мо бояд фаромуш накунем, ки хушбахтии оила, ободии оила, ояндаи фарзандон, зиндагии хуби мо ин аз сатҳи донишу маърифатнокии мо вобастагии мустақим дорад;
- зеро бесаводӣ, ҷаҳолат, хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад, пеши роҳи рушди устувор ва гулгулшукуфии ватани азизамонро мегирад;
- барои мо миллати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳангӣ тоҷик дар ин шабу рӯз дар давроне, ки рушди бемайлони илму технологияҳои нав боло рафта истодааст, руй овардан ба хурофотпарастӣ мояи нанг аст;
- чї хеле ки мегӯянд «Хурофот ҷаҳолат аст» мубориза бо ин зуҳурот на танҳо кори давлату ҳукумат балки тамоми халқи ҷумҳуриамон мебошад;
- то агар мо хатари ин вабои асрро дуруст дарк накунем, аз хурофот, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, бесаводӣ ва ноогоҳи аз илму дастовардҳои замони муосир раҳо нашавем, фарзандони худро барои донишомӯзӣ, забономӯзӣ равона накунем, ҳаргиз ба саодоати рӯзгори хеш муваффақ намегардем.
Буҳодуров Ш.Б доктори илмҳои техникӣ, профессори
кафедраи фанҳои умумитехникии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
