Мудири кафедра: Саидов Мустафохон Каримович
Тел: +992928259599
E–mail: Said_1987-87@mail.ru
Таърихи ташаккулёбии кафедра
Кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ ҷузъи таркибии сохтори донишкада буда, дар байни донишҷӯён корҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва дар байни омӯзгорон корҳои илмию методиро бо назардошти нақшаи дурнамои корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-тадқиқотии умумидонишкадавӣ, Низомномаҳои дохилӣ ва намунавӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаи маориф тааллуқ доранд, ба роҳ монда ба дастовардҳои муайян ноил мегарданд.
Аз соли таъсисёбиаш ҳамчун кафедраи тахассусӣ мутахассисони ихтисосҳои 0611 – менеҷменти соҳа, 0608 – иқтисодиёт ва идоракунии соҳаи кӯҳию металлургӣ, 250101-07 – иқтисодчӣ – менеҷер, 270101-09 – муҳандис-иқтисодчиро тайёр намудааст.
Хатмкунандаи ихтисоси мазкур дар корхонаҳои хусусиву давлатии саноатӣ, ташкилоти молиявӣ, қарзӣ, маркетингӣ ва мақомоти давлатӣ дар вазифаи иқтисодчӣ-таҳлилгар, муҳандис – иқтисодчӣ, муҳандис иқтисодчии шуъбаи истеҳсоли – техникӣ, муҳандис оид ба ташкил ва идоракунии истеҳсолот, нозири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муҳандис иқтисодчӣ дар соҳаи нақлиёт ва энергетика, мутахассис оид ба таъминоти модӣ – техникӣ, мутахассис оид ба идоракунии лоиҳаҳо ва ғайраҳо фаъолият карда метавонанд.
Устодон то ин дам зиёда аз 250 адад мақолаҳои илмӣ, аз он ҷумла 29 адад мақолаҳое, ки аз тарафи КОА эътирофшуда, 4 китоби дарсӣ, 34 маводҳои таълимӣ-методии фаннӣ, 45 номгӯи силабусҳои фаннии марбут ба кафедраро таҳия намуда, аз чопи расмӣ баровардаанд.
Дар соли таъсисёбии кафедра омӯзгорон Шарипова Б.А., Сатторов М.С., Воситов Х., Акрамов Р., Зиёев Р.З., Назаров Х С., Саидов М.К., Латипова М.Ҷ., Исобоев П., Гадобоев Ф., Эгамбердиев О.А., Махкамов Ш. Собирова Ш.Р., Ниязова С.К., Раҳматов А.А., Асатова Г.У., Эгамбердиев Н.Н., Назарматов А.А, Гулмуродова З., Юсупов Х.М., Мирсаидова Ф.А., Муҳамадюсупова Ш.А., Ҳоҷибоева М.М., Абдуллоева Д.К., Муҳиддинов Ф.Н., Мирзозода В.М. ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Ба кафедра дар солҳои гуногун роҳбарӣ кардаанд:
- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдуллоева Ойим Исматовна. – 03.2000 то 02.12.2002с;
- сармуаллима Шарипова Башорат Абдурозиқовна – аз 12.2002 то 15.06.2005;
- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сатторов Мансур Сатторович – аз 03.2009с. то 10.03.2009;
- номзади илмҳои иқтисодӣ Назаров Хуршед Собирҷонович аз 09.2010с. то 01.09.2012с.
- омӯзгори калон Ниязова Саломат Каримовна 05.10.2012с. то 01.09.2015с.
- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Юсупов Хуршедҷон Маҳмудҷонович аз 01.09.2015с. ва 06.04.2021с.
- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Облоқулов Воҳид Мирзоқулович – аз 04.2021-01.09.2025.
- номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Саидов Мустафохон Каримович 15.09.2025 то ҳол.
Ҳайати педагогӣ
Дар соли таҳсили 2025 – 2026 дар кафедра 11 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мебаранд. Аз он ҷумла 6 нафар штатӣ, 5 нафар муштараквазифаи дохилӣ ва 2 нафар муштараквазифавии беруна ташкил медиҳанд.
Айни замон дар кафедра фаъолият менамоянд:
- мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Саидов М.К.,
- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҳматов А.А;
- номзади илмҳои иқтисодӣ Аҳмадзода А.А;
- омӯзгори калон Ҳоҷибоева М.М;
- ассистент Абдуллоева Д.К;
- ассистент Муҳиддинов Ф.Н.
инчунин муштараквазифаҳои дохилӣ –
- доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Б.Н;
- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирзозода В.М;
- номзади илмҳои иқтисолӣ Раҳимзода Шукриниссо Раҳим;
- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Юсупов Х.М;
- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирсаидова Ф.А;
инчунин муштараквазифаҳои берунӣ –
- доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғоибназаров Ш;
- ассистент Мадаминова Н.А.
Осори илмии устодони кафедра
- Сатторов М.С., Юсупов Х.М. – китоби дарсӣ «Иқтисодиёти корхона», шаҳри Хуҷанд – Меъроҷ, 2018;
- Сатторов М.С., Юсупов Х.М. – китоби дарсӣ «Назарияи иқтисод», шаҳри Хуҷанд – Меъроҷ, 2017;
- Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ Саидов М.К., Раҳматов А.А., Ғаффоров С.Ҷ., – китоби дарсӣ «Менеҷменти экологӣ», шаҳри Хуҷанд – Меъроҷ, 2021;
- Сатторов М.С., Ниязова С.К., Раҳматов А.А., – роҳнамои таълим «Идоракунии (менеҷменти) корхонаҳои истеҳсолӣ ва буҷетикунонии он», шаҳри Бӯстон – DIYOR PS, 2018;
- Собирова Ш.Р. – монография «Развития розничного рынка энергетических услуг в экономике Таджикистана: Состояние и перспективы» – шаҳри Хуҷанд – Меъроҷ, 2021;
- Саидов М.К. Роль амортизационных отчислений в воспроизводстве основных фондов (на материалах Республики Таджикистан). Монография – Худжанд: ИП Файзибоев М.М. «Меъроч» – 2024. – 116 с.
- Ш.Р.Собирова., С.С.Саидов., Д.М.Маҷидзода., А.А.Назарматов. китоби дарсии «Асосҳои аудити экологӣ дар саноат» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти оли касбӣ, 2024;
- Раҳматов А.А. – монография “Инновационные стратегии развития промышленности в условиях региональной экономики”, 2026
- Бахтиёр Маҳмадалӣ., Мирзозода В.М., Раҳматов А.А., Собирова Ш.Р., Саидов М.К., Аҳмадзода А.А. китоби дарсӣ “Муќаддимаи ихтисос”. 2026с.
- Маҳмадалӣ Б.Н., Мирзозода В.М., Мирсаидова Ф.А., Бобоҷонова М.М. китоби дарсӣ “Иқтисодиёти рақамӣ”, 2026с.
Вазифаҳои кафедра
Ба уҳдаи кафедра чунин вазифаҳо гузошта шудаанд:
– ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ (амалӣ), лабораторӣ ва дигар намуди машғулиятҳои таълимӣ тибқи нақшаҳои таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи баланди илмию назариявӣ); роҳбарӣ ба корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ, корҳои семестрӣ ва корҳои рисолаи хатм, ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷўён, ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳони ҷорӣ;
- ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷўён;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида таҳия ва табъу нашри барномаҳои таълимӣ оид ба фанҳои тадрисшаванда;
- пешниҳоди тақриз ва хулоса ба барномаҳои таълимие, ки аз тарафи кафедраҳои дигар омода гардидаанд;
- таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, дигар маводҳои методӣ, аёният ва хулосаҳои илмию методӣ барои нақшаҳои таълимӣ ва тахассусҳои нав;
- ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда;
- роҳбарӣ ба корҳои илмию тадқиқотии донишҷўён;
- муҳокимаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва татбиқи онҳо дар амалияи ҷамъиятӣ-истеҳсолӣ;
- ба нашр тавсия намудани таълифоти анҷомёфта;
- баррасии нақшаву барномаҳои инфиродии таълимӣ, илмӣ, методӣ ва корҳои тарбиявии устодон ва кормандони кафедра;
- омӯзиш, баррасӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами омўзгорони кафедра;
- дастгирӣ ва ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба дар роҳи такмил додани маҳорати педагогии онҳо;
- таҳия ва баррасии чорабиниҳо оид ба истифодаи маводҳои муосири таълимӣ ҳангоми машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ;
- тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ;
- муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, барои дифоъ пешниҳод намудани онҳо;
- бо супориши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муҳокима ва баррасии рисолаҳои номзадӣ ва доктории аз берун воридшаванда;
- барқарор намудани алоқа бо истеҳсолот ва татбиқи назария бо амалия;
- ташкили робитаи мунтазам бо хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, собиқ аспирантон ва докторантони кафедра;
- ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмии омўзгорон ва кормандони кафедра, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба такмили ихтисоси устодон ва кормандон;
- ташкил, баррасӣ ва муҳокимаи дарсҳои кушоди устодони кафедра;
- муҳокимаи матни лексияҳои устодони кафедра ва тасдиқи онҳо.
Бо мақсади густариш бахшидани ҳамкории байни донишкада, кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ ба корхонаҳои саноатии соҳавӣ, зичтар намудани алоқаи раванди таълим бо истеҳсолот, ташкили таҷрибаомӯзиҳои таълимиву истеҳсолӣ ва тайёр намудани мутахассисони салоҳиятноки ба талаботҳои кордиҳанда ҷавобгӯ донишкада, кафедра бо корхонаҳои соҳавӣ барои таъсиси филиали кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар ҶСП “Норд Азия Металл” Кафедра дар тайёр намудани мутахассисони соҳа барои корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ, аз наздик шинос намудани донишҷӯён бо истеҳсолот, барқарор намудани робитаҳои илмӣ-истеҳсолӣ, илмӣ-татқиқотӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ба монанди КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ҶМТКММ «Апрелевка», ҶММТАКМ «Анзоб», ҶДММКМ «Зарафшон», КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶММ «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Элегант», ҶСП “Суғд- Пак”., ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноатӣ кӯҳӣ”, шартномаҳо дорад, ки дар он ҷо донишҷуён таҷрибаомӯзии худро мегузаронанд.
Ихтисосҳои кафедра
- 27010109- “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот” (Иқтисодиёти саноатӣ)
- 270101-10 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (Энергетика)»
- 270101-15 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот(Саноати химия)»
- 250102-01 – «Иқтисодиёти таҳлилӣ»
- 250108-05 – «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат»
- 570102 – «Менеҷменти экологӣ ва аудит дар саноат»
Доираи фаъолият дар соҳаи илм ва техника
Доираи фаъолияти мутахассисон дар соҳаи илм ва техника маҷмӯи фаъолиятҳои касбиро дар бар мегирад, ки ба таҳия, татбиқ ва такмили донишҳои илмӣ, технологияҳои муосир ва қарорҳои техникӣ равона гардидаанд. Ин фаъолият дар асоси дастовардҳои илмӣ, меъёрҳои техникӣ ва талаботи рушди иҷтимоию иқтисодӣ амалӣ мегардад.
- Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, таҳияи моделҳо, усулҳо ва назарияҳои илмӣ, таҳлили натиҷаҳои тадқиқот, инчунин омода намудани мақолаҳо, гузоришҳо ва тавсияҳои илмиро дар бар мегирад.
- Фаъолияти илмӣ-таҷрибавӣ ва инноватсионӣ ба татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот, таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, такмили равандҳои техникӣ ва иштирок дар лоиҳаҳои инноватсионӣ равона карда мешавад.
- Фаъолияти муҳандисӣ ва техникӣ таҳия, истифода ва такмили таҷҳизот, системаҳо ва равандҳои техникӣ, баҳодиҳии самаранокии қарорҳои техникӣ, инчунин таъмини эътимоднокӣ, бехатарӣ ва мутобиқати онҳо ба меъёрҳои амалкунандаро фаро мегирад.
- Фаъолияти иқтисодӣ-техникӣ таҳлили иқтисодии лоиҳаҳои илмӣ-техникӣ, ҳисоб ва асосноккунии самаранокии татбиқи технологияҳо, таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, банақшагирии хароҷот ва идоракунии захираҳоро дар бар мегирад.
- Фаъолияти иттилоотӣ ва таҳлилӣ ба ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилооти илмӣ-техникӣ, истифодаи системаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои рақамӣ, инчунин таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ ва пешгӯиҳои рушди соҳа равона карда мешавад.
- Фаъолияти педагогӣ ва методӣ таълим ва омода намудани мутахассисон, таҳияи маводи таълимӣ-методӣ, роҳбарӣ ба корҳои илмии донишҷӯён ва татбиқи усулҳои муосири таълимро дар бар мегирад.
- Фаъолияти идоракунӣ дар соҳаи илм ва техника идоракунии лоиҳаҳо ва барномаҳои илмӣ-техникӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ, таҳияи стратегияҳои рушди илм ва техника, инчунин назорат ва арзёбии натиҷаҳои фаъолиятро фаро мегирад.
Самти фаъолияти мутахассисони соҳа
27010109 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (Иқтисодиёти саноатӣ)»
Самтҳои фаъолият:
- банақшагирӣ ва ташкили истеҳсолот;
- таҳлили иқтисодии фаъолияти корхона;
- идоракунии хароҷот ва захираҳо.
Корхонаҳо ва ташкилотҳо:
- корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусӣ;
- корхонаҳои коркарди ашёи хом;
- корхонаҳои истеҳсолии хурд, миёна ва бузург;
- вазорату идораҳои соҳавӣ (Вазорати саноат ва технологияҳои нав);
- марказҳои таҳлилӣ ва банақшагирӣ.
270101-10 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (Энергетика)»
Самтҳои фаъолият:
- таҳлили иқтисодии соҳаи энергетика;
- банақшагирии истеҳсол ва тақсимоти энергия;
- баҳодиҳии лоиҳаҳои энергетикӣ.
Корхонаҳо ва ташкилотҳо:
- ҶСК «Барқи Тоҷик» ва зерсохторҳои он;
- неругоҳҳои барқӣ (ГЭС, ТЭС, НБО);
- ширкатҳои таъминот ва тақсимоти барқ;
- Вазорати энергетика ва захираҳои об;
- ташкилотҳои байналмилалии энергетикӣ.
270101-15 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (Саноати химия)»
Самтҳои фаъолият:
- ташкили истеҳсолоти химиявӣ;
- таҳлили иқтисодии равандҳои технологӣ;
- идоракунии хароҷот.
Корхонаҳо ва ташкилотҳо:
- корхонаҳои саноати химия;
- заводҳои нуриҳои минералӣ;
- корхонаҳои коркарди ашёи химиявӣ;
- марказҳои тадқиқотӣ ва лабораторияҳо;
- идораҳои назоратии соҳавӣ.
250102-01 – «Иқтисодиёти таҳлилӣ»
Самтҳои фаъолият:
- таҳлили иқтисодӣ ва молиявӣ;
- пешгӯии равандҳои иқтисодӣ;
- таҳияи қарорҳои идоракунӣ.
Корхонаҳо ва ташкилотҳо:
- ташкилотҳои таҳлилӣ ва консалтингӣ;
- муассисаҳои молиявӣ ва бонкҳо;
- ширкатҳои суғуртавӣ;
- вазоратҳо ва мақомоти давлатӣ;
- марказҳои таҳқиқоти иқтисодӣ.
250108-05 – «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат»
Самтҳои фаъолият:
- баҳисобгирии муҳосибӣ;
- таҳлили молиявӣ;
- аудит ва назорат.
Корхонаҳо ва ташкилотҳо:
- корхонаҳои саноатӣ;
- ширкатҳои аудиторӣ;
- ташкилотҳои молиявӣ;
- мақомоти андоз ва назорат;
- муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ.
570102 – «Менеҷменти экологӣ ва аудит дар саноат»
Самтҳои фаъолият:
- идоракунии экологӣ;
- аудит ва мониторинги муҳити зист;
- таҳияи барномаҳои рушди устувор.
Корхонаҳо ва ташкилотҳо:
- корхонаҳои саноатӣ;
- Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ;
- ташкилотҳои экологӣ;
- ширкатҳои консалтингии экологӣ;
- лоиҳаҳои байналмилалӣ дар соҳаи экология.
Намудҳои фаъолияти касбӣ дар соҳаи илм ва техника
Хатмкунанда, бакалаври дипломдори ихтисосҳои тайёр карда шавандаи самтҳои иқтисодиёт ва фаъолияти касбӣ дар соҳаи илм ва техника метавонад дар шаклҳои зерин амалӣ гардад:
- Фаъолияти истеҳсолӣ-технологӣ. Мутахассисон дар ин самт донишҳои назариявиро ба амал татбиқ намуда, равандҳои истеҳсолӣ ва технологӣ, таҷҳизот ва системаҳои техникӣ, инчунин усулҳои самараноки истеҳсолотро таҳия, истифода ва такмил медиҳанд.
- Фаъолияти ташкилӣ-идоракунӣ. Ин намуди фаъолият ба банақшагирӣ, ташкили кори воҳидҳо ва лоиҳаҳо, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳо, қабули қарорҳои стратегӣ ва идоракунии захираҳои моддӣ ва инсонӣ равона шудааст.
- Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ. Мутахассисон таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ мегузаронанд, таҳлил ва арзёбии натиҷаҳои илмӣ мекунанд, моделҳо ва усулҳои нав таҳия намуда, мақолаҳо, гузоришҳо ва тавсияҳои илмӣ омода менамоянд.
- Фаъолияти лоиҳавӣ. Мутахассисон дар ин самт лоиҳаҳо ва ҳалли техникӣ-иҷтимоиро таҳия мекунанд, технологияҳо ва системаҳои нави техникӣ ва иқтисодӣ тарҳрезӣ мекунанд ва қарорҳои амалии амалӣ барои татбиқи онҳо пешниҳод менамоянд.
Талаботҳо оид ба фаъолияти касбии хатмкунанда
Ҳатмкунандагони самти иқтисодиёт пас аз ба итмом расонидани таҳсилоти академӣ дар соҳаи илм ва техника бояд қобилиятҳо, малакаҳо ва донишҳои касбиро дошта бошанд, ки барои самаранок амал намудан дар фаъолияти касбӣ зарур мебошанд. Талаботҳо асосан дар самтҳои зерин муайян мегарданд:
- Қобилиятҳои техникӣ ва истеҳсолӣ
- донистан ва татбиқ кардани равандҳои истеҳсолӣ ва технологӣ;
- истифода ва нигоҳдории таҷҳизот ва системаҳои техникӣ;
- таҳияи пешниҳодҳо барои самараноккунии истеҳсолот ва техникаи корхонаҳо.
- Қобилиятҳои ташкилӣ-идоракунӣ
- банақшагирӣ ва ташкили кори воҳидҳо ё лоиҳаҳо;
- қабули қарорҳои дуруст ва асоснок дар соҳаи идоракунӣ;
- ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳо.
- Қобилиятҳои илмӣ-тадқиқотӣ
- гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ;
- таҳлилу арзёбӣ ва хулосабарории натиҷаҳои илмӣ;
- таҳияи мақолаҳо, ҳисоботҳо ва тавсияҳои илмӣ.
- Қобилиятҳои лоиҳавӣ
- тарҳрезӣ ва таҳияи лоиҳаҳои техникӣ ва технологӣ;
- таҳияи қарорҳои амалии татбиқи технологияҳои нав;
- қабули ҳалли инноватсионӣ барои масъалаҳои истеҳсолӣ ва техникӣ.
- Қобилиятҳои таҳлилӣ ва иқтисодӣ
- таҳлил ва арзёбии самаранокии лоиҳаҳо ва равандҳои истеҳсолӣ;
- идоракунии захираҳои моддӣ, молиявӣ ва инсонӣ;
- қабули қарорҳои иқтисодии асоснок дар лоиҳаҳо ва корхонаҳо.
- Қобилиятҳои коммуникатсионӣ ва педагогӣ
- омодагӣ барои кор дар гурӯҳ ва ҳамкорӣ бо мутахассисони дигар соҳаҳо;
- муошират бо корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои илмӣ;
- омодагӣ барои роҳбарӣ ва омӯзиши кадрҳои ҷавон.










