УНВОНИ ПРОФЕССОРӢ ХУҶАСТА БОД, МУАЛЛИМАИ АРҶМАНД САМАДОВА ГУЛИ!

Дар арафаи таҷлил аз Рӯзи геологияи тоҷик хабари тозае аз котиботи Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба мо расид, ки омӯзгори собиқадори Донишкада, яке аз бонувони фаъол ва пешгом, зани ҳалиму хоксор, модари ғамхору омӯзгори асил, бонуи ҷонфидо ва садоқатманд, фарди донишманду масъулиятшинос, аз зумраи занони баномусу боҷасорат, аз зумраи бонувони поктинату поквиҷдон, зани фаъолу қавиирода, геологи муваффақ, олими саршинос ва муаллифи як силсила мақолаву рисолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимӣ, мудири кафедраи геология ва корҳои маркшейдерии Донишкада, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ муаллимаи арҷманд ва гиромӣ Самадова Гули Мирҷоновна бо унвони профессори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
Муаллимаи арҷманд Самадова Гули Мирҷоновна аз бонувони фаъол ва собиқадор дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон буда, ҳамчун омӯзгори асил ва сарсупурда дар тарбияи насли ҷавон ва рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нақши арзишманд доранд.
Мо, ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада муаллимаи арҷманд ва гиромӣ Самадова Гули Мирҷоновнаро барои сарфароз гардидан ба унвони профессорӣ самимона табрику таҳният гуфта, барояшон сарбаландиву саодатмандӣ ва дар корҳои илмӣ барору комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем!
Дастоварди навбатӣ, унвони профессорӣ хуҷаста бод муаллимаи арҷманд Самадова Гули Мирҷоновна!
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов