УНВОНИ ИЛМӢ ХУҶАСТА БОД УСТОД ОСИМИ ОҚИЛ!

Тибқи фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгори фаъол, сардори раёсати таълим Осими Оқил бо унвони дотсентӣ сарфароз гардонида шуд.
Раёсати иттифоқи муттаҳидаи касаба, ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон олими ҷавон Осими Оқилро ба ин дастоварди илмӣ табрику таҳният гуфта, барояшон сарбаландиву саодатмандӣ ва муваффақияту комгорӣ таманно менамояд.
Осими Оқил аз омӯзгорони фаъол ва пешгом буда, барои таълиму тарбия ва рушди илм дар Донишкада саҳми арзандаи хешро гузоштааст.
Унвони илмӣ хуҷаста бод, устоди арҷманд ва гиромӣ Осими Оқил!