Тавре қаблан иттилоъ дода будем сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Го Ҷитсзюн ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда буд ва бо ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ мулоқот намуда буд.
Ва тибқи гуфтушуниди ҷонибҳо инак туҳфаи навбатии ҷаноби сафир ба факултаи навтаъсиси зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон расид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот декани факултет Мирбобоев Шӯҳрат иттилоъ дод.
Ин туҳфаи сафорат иборат аз таҷҳизоти техникӣ, компютерҳои насли нав ва тахтаҳои электронии синфӣ иборат мебошад.
Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ҳайати профессорию омӯзгории факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав ба сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Го Ҷитсзюн миннатдории самимии худро мерасонанд.
Шуъбаи иттилоот

