«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ТОҶИ САР АСТ». Парчами давлатӣ рамзи ваҳдат ва сарҷамъии миллат аст

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ 20 ноябри соли 2009 24 ноябрро ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуда буданд, ки аз он вақт инҷониб ҳамасола ин рӯз ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ифтихору сарбаландӣ аз доштани чунин Парчами миллӣ ботантана таҷлил мегардад.

-Инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ вобаста ба вазъу ҳолатҳои мухталиф ва печида барои ифодаи ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ рамзҳои мухталиф эҷод намудааст. Парчами миллӣ низ барои ҳар давлату миллат яке аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб шуда, ҳамзамон таърихи пайдоиш дорад.

Имрӯз ҳеҷ давлатро бе парчами миллиаш тасаввур ва фарқ карда наметавонем. Зеро парчам ҳамчун рамзи гӯё мустақилу пойдор будани давлатро ифода менамояд.

Парчамдории миллати тоҷик таърихи қадимӣ дошта, бо давлатдории замонҳои бостонии давлатдории Куруши Кабир, Ҳахоманишиҳо (Дирафши ковиён), Сосониён, Кӯшониён, Сомониён муттаҳидкунандаи миллат ва дорандаи давлати миллӣ будааст. Худи сермаъноии вожаи «парчам» ва муродифоти он таърихи қадимӣ доштани давлатдории тоҷиконро бозгӯ менамояд. Аз калимаҳои ҳаммаънои байрақ, дирафш, роят, ливо ва парчам маълум мегардад, ки он дар ҳар давраи таърихӣ рамз, ном, намо, ҳадаф ва хосияти ба худ хос ва дар давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи умда доштааст.

Ба ҳамин маъно Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буданд, ки «ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноӣ аст, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Аз гуногунрангии парчами миллӣ бармеояд, ки он дар ҳар давраи таърихӣ орзуву умед ва армони халқ, маданияту сарнавишти он ва сохти ҷамъиятро инъикос намудааст. Парчам яке аз рамзҳои қадимтарини давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Дар баробари байрақбаландии давлатдории аҷдодони мо, инчунин дар Чини қадим, Ҳиндустон ва Юнони Бостон аз нишонаҳо дар матоъҳо ҳамчун рамзи қавм, сулола ё фармондеҳ истифода мекарданд. Парчам на танҳо аломати ҷанг буд, балки рамзи ифтихор, иттиҳод ва истиқлол низ гардид. Бо гузашти замон, парчам ба рамзи давлат, миллат ва қудрат табдил ёфт.

Дар рӯзҳои 33-солагии ҷашни Иҷлосияи ХVI тақдирсози миллат бо муҳаббат ва самимият таҷлил шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявист.

Мо огоҳ ҳастем, дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХV1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992) дар он рӯзҳо дар баробари ба ҷаҳониён эълом доштани барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ се муқаддасоти давлатдорӣ, се рамзи ҳастӣ ва соҳибихтиёрии давлату миллат – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ қабул ва тасдиқ карда шуданд. Дар таърихи ҷаҳон парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари мақсаду маром, таҷассумгари давлатдории миллати куҳантаърихи мост.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд (чанд рӯз қабл 30-солагии он дар «Кохи Арбоб» бо иштироки Пешвои миллат ботантана ҷашн гирифта шуд), Парчамро чун нишони арҷгузорӣ ба зону истода, бӯсиданд ва ба чашму рӯй молиданд. Гузашта аз ин, бо нишони эҳтиром маконашро дар баландиҳои баланд гузоштанд, ки ба китоби «Рекордҳои Гиннес» навишта шуд. Ҳар гоҳ ба он назар мекунем, дилҳои мо лабрези шодӣ мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон чунин гуфта буданд: «Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи мардуми Тоҷикистон аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст».

Тоҷикистони азизи мо тибқи муқаррароти меъёри давлатдорӣ соҳиби ҳудуд, Конститутсия, Парчам, Нишон, Суруди миллии худ мебошад. Парчами Тоҷикистон бо рамзи рангҳояш ҷаҳониёнро ба анъанаҳои миллӣ ва қаҳрамониҳои тоҷикон ошно месозад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ — сурх, сафед ва сабз иборат мебошад, ки дар қисми марказии рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Ҳар як унсури он дорои маънои амиқ ва рамзии хос аст:

Ранги сурх — рамзи шуҷоату далерӣ, ҷоннисорӣ ва мубориза барои озодӣ ва истиқлолият.
Ранги сафед — рамзи сулҳ, покӣ, адолат ва ормони баланди инсонӣ.
Ранги сабз — рамзи зиндагӣ, зироаткорӣ, ободонӣ ва табиати зебои Ватан.
Тоҷ — нишонаи соҳибихтиёрӣ, давлати мустақил ва ҳимояи арзишҳои миллӣ.
Ҳафт ситора — рамзи саодат, бахт ва комёбӣ буда, ҳамзамон рамзи ҳафт минтақаи таърихии тоҷикон аст.

Парчами давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ буда, мардумро гирди як ҳадаф — ваҳдат ва ифтихори миллӣ муттаҳид месозад. Баланд бардоштани Парчам дар ҳар як гӯшаи ҷумҳурӣ рамзи ифтихор аз Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аст. Имрӯз Парчами давлатӣ дар тамоми муассисаҳои давлатӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ парафшон аст, ки он нишонаи садоқати шаҳрвандон ба давлат мебошад. Парчам ифодаи иттиҳоду ягонагӣ, сулҳу оромӣ ва бунёдкорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Бо таъсиси давлати соҳибистиқлол парчами миллӣ ба яке аз рамзҳои асосии истиқлолият табдил ёфт. 24 ноябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баландтарин сутуни Парчами давлатӣ дар ҷаҳон барафрохта шуд, ки баландии он 165 метр аст. Ин рамзи тавонмандӣ, ваҳдат ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ мебошад. Бунёди ин парчам нишон дод, ки миллати тоҷик аз нигоҳи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба як марҳалаи нави рушд ворид шудааст.

Парчами давлати мо дар баробари парчамҳои дигар давлатҳои ҷаҳон дар созмонҳои байналмилалӣ баланд фурӯзон аст. Он рамзи ваҳдати миллии мо, соҳибистиқлолӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад. Парчами Тоҷикистон – рамзи сарбаландии миллат, шарафи давлат ва ҳувияти миллӣ аст. Он моро муттаҳид месозад ва ба ояндаи дурахшон раҳнамун мегардонад. Ҳангоми ғолиб омадани варзишгарони мо, онҳо бо ифтихор парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд – ин на танҳо пирӯзии шахсӣ, балки ифтихори тамоми миллат аст. Дар ҷамъомадҳо, вохӯриҳо ва чорабиниҳои давлатӣ афрохтани парчам нишонаи эҳтиром ба Ватан, ваҳдати шаҳрвандон ва ҳамбастагии онҳо мебошад. Парчам дар қалби ҳар як тоҷик рамзи озодӣ, сулҳ ва сарбаландист.

Бахусус, баланд бардоштани парчами миллӣ дар ҷойҳои баланд, муассисаҳо, идораҳо ва хонаҳои истиқоматӣ нишон аз эҳтиром ва муҳаббати самимӣ ба давлату миллат мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол байни зиёда аз 220 давлати ҷаҳон ҷилва намуда, аз дигар парчамҳо фарқ мекунад.

Парчами давлатӣ имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Дар анҷуманҳои байналмилалӣ, конфронсҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, боло рафтани Парчами давлатӣ нишони ифтихор ва шарафи миллӣ аст. Он садои пирӯзии миллатро ифода мекунад ва ҳар боре ки баланд бардошта мешавад, дар дилҳои тоҷикон эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихорро бедор месозад.

Эҳтироми миллат нисбат ба парчам бисёр баланд аст ва ҳамин аст, ки бисёр ҳам ҷиддӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ мешавад. Дар бисёр маврид поён фаровардани парчам дар минтақаҳои забтшуда бешарафӣ ҳисобида мешавад ва аз ҷониби дигар, беэҳтиромӣ нисбат ба Парчам беэҳтиромӣ нисбат ба миллат дониста мешавад.

Ҳамин аст, ки нақши Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон бисёр баланд арзёбӣ гардидаву шоирон ба он шеърҳои зиёд бахшидаанд.

Аз ҷумла, шоири хушноми тоҷик Камол Насрулло дар ин маврид хеле олӣ фармудааст:

Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!

Парчами ту аз ҳама болотар аст!

Парчами ту Парчами адл асту дод,

К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!

Парчами ту буда аз ҷилди паланг,

Бегазанду маҳкаму тобовар аст!

Аз миёни халқ гардида баланд,

З-ин сабаб дар Парчами ту бовар аст!

Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,

Халқи моро ҷилваи болу пар аст!

Парчами давлатӣ ба наслҳои навин дарси ватандӯстӣ, садоқат ба давлат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ меомӯзонад. Дар муассисаҳои таълимӣ, ҳарбӣ ва фарҳангӣ баргузории маросимҳои парчамбардорӣ ба як анъана табдил ёфтааст. Парчам на танҳо рамзи давлат, балки нишонаи ҳамбастагии наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда мебошад. Он моро водор месозад, ки Ватанро дӯст дорем, онро обод кунем ва номбардори миллати тоҷик бошем.

Парчам дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон рамзҳои гуногуни миллӣ вуҷуд доштанд, ки ифодаи ҳокимият ва иттиҳоди мардум буданд. Имрӯз Парчами давлатӣ идомаи мантиқии он суннатҳост ва ҳамчун рамзи ифтихор ва сарбаландии миллӣ хизмат мекунад. Парчам моро ба эҳтироми таърих, забон, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ даъват менамояд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло ҳайати пофессорону омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба хусус насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакатро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, хуб дарк менамоянд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ ватандорӣ ҳисобида мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи қудрат, тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст. Он на танҳо нишонаи истиқлолият, балки рамзи ваҳдат, сулҳ ва суботи давлатӣ мебошад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо эҳсоси ифтихор ба Парчам нигарад, онро дӯст дорад ва ҳамчун рамзи муқаддаси Ватан эҳтиром намояд. Зеро Парчам на танҳо як матои ранга, балки рамзи шуҷоату далерӣ, иттиҳод ва абадияти миллат мебошад.

Бигзор Парчами Тоҷикистон ҳамеша парафшон ва офтобаш партавафшон, хокаш дурафшон ва чашмаву рӯду дарёҳояш пуроб, фазояш софу беғубор ва мардумаш ҳамеша шоду хуррам бошад.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор