ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ—ДӮСТОНИ ВОҚЕӢ ТО АБАДИЯТ

Тавре ба ҳамагон маълум аст, зери сиёсати хирадмандонаву оқилонаи абармарди арсаи сиёсат, шахсияти ҷаҳонӣ, сиёсатмадори бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арасаи сиёсати ҷаҳонӣ боло гардида, кунун Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳим ва таъсиргузор дар ҳалли муаммои аҳли башар мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии худ ба кишварҳои дӯсту бародар ва шарикони стратегӣ афзалият дода, ҳамеша хостори дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилии кишварҳои дӯст мебошад.
Муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсия Русия низ аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати хориҷӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт дар шаклҳои мухталиф ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. Тибқи иттилои ба даст омада байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз рӯзҳои касби истиқлоли Тоҷикистон то ба имрӯз зиёда аз 320 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки ин ҳам нишони ҳамкории муштарак ва дӯстии мудовим мебошад. Ин нишонаи дӯстиву бародарии наздику самимии Тоҷикистону Русия аст. Бенёмин Франклин гуфта буд, ки “як бародар метавонад дӯст набошад, лек як дӯст ҳамеша бародар мемонад”. Дӯстии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия бародарона ва дар асоси принсипҳои бародарии наздик, садоқати муштарак ва манофеи умумӣ ба роҳ монда шудааст ва ин дӯстӣ меҳвари аслии сиёсати байни давлатҳо мебошад.
Тоҷикистон тибқи консепсияи сиёсати дарҳои боз дар сиёсати хориҷияш барои интихоби шарикону дӯстон ва ҳамкорони байналмилалӣ озод аст, лек дӯстиву равобити Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Русия комилан дар формати нав ва он ҳам дар қолаби дӯстии воқеӣ ва манофеи муштарак сурат гирифтаасту пеш меравад, ки ин ҳам аз сиёсати хирадмандонаву оқилонаи сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин гувоҳӣ медиҳад. Муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия хеле бародаронаву содиқона ва бисёр ҳам наздик мебошад. Равобити Тоҷикистону Русия дар сатҳи баландтарин ба роҳ монда шудааст ва ин натиҷаи манофеи муштарак дар роҳи рушд ва ҳифзи арзишҳо мебошад.
Дар қолаби сиёсати хориҷӣ Тоҷикистону Русия шарик ва дӯстони воқеӣ ҳастанд ва ин пеш аз ҳама шаҳрвандони ҳар ду кишварро ба ҳам оварда, барои ҳифзи ҳадафҳои неки тарафайн, арзишҳои муштарак таҳрик медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ҳадафҳои неку созандаро пайгирӣ намуда, бештар дар бахшҳои иқтисодиёт, фарҳангу тандурустӣ, илму маориф,муҳоҷират, сайёҳӣ, саноат, амният ва ғайра, ҳамкориро ба роҳ монда, барои тавсеаи муносибатҳо иқдоми муштарак нишон медиҳанд. Аз ин лиҳоз, хулоса намудан мумкин аст, ки Тоҷикистон ва Русия дар ҳар ҳолат бо ҳамдигар ҷиҳати ҳалли проблемаҳои глобалӣ талош менамоянду саодати шаҳрвандонро таъмин сохт.
Сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ ва ҳамзамон ҳамоиши “Осиёи Марказӣ+Русия” бори дигар исбот намуд, Маскав ба Душанбе эътимоди комил дорад ва ин боварӣ дар асоси амалкарди тарафайн бавуҷуд омадааст.
Зимни мулоқот ва музокироти сатҳии олии роҳбарони Тоҷикистону Русия зиёда аз 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки инҳоянд:
– Нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2025-2030;
-Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсуми гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба амалисозии лоиҳаи ташкили кластери саноати сабуки гурӯҳи ширкатҳои БТК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ;
– Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019;
-Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия;
– Созишнома миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
– Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳо дар самти нақлиёт барои солҳои 2025-2030 миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия;
-Ёдошти тафоҳум дар самти мубориза бар зидди вабо миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии назорат оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некуаҳволии инсони Федератсияи Русия;
-Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таълими касбии дахлдори иловагӣ ва таълими касбӣ;
-Харитаи роҳ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии энергияи атомии Росатом оид ба татбиқи санҷиши пешазлоиҳавии радиатсионӣ ва тадқиқоти партовгоҳи Деҳмой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи асосҳои молиявии иқтисодии безараргардонии он;
-Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустии Федератсияи Русия;
-Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои истифодаи спектри радиобасомад, муқовимат ба паҳншавии иттилоот ва (ё) захираҳои иттилоотии ғайриқонунӣ дар шабакаи интернет, муқовимат ба зангҳои қаллобӣ ҳангоми расонидани хизматрасониҳои алоқа;
-Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД Коргоҳи мошинасозии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси ҳуқуқии ваколатдори Федератсияи Русия оид ба таъсиси Парки саноатии Тоҷикистон ва Русия.
-Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи русиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия.
Ва ҳамаи ин шартномаҳо ва муоҳадаҳои басташуда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия равобити дӯстонаи ду давлатро густариш дода, барои дӯстиву бародарии абадӣ, ҳамкориҳои боз ҳам зич замина мегузорад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле рушд намуда, бо зиёда аз 197 давлати ҷаҳон ҳамкориҳои дипломатӣ дорад ва баргузор гардидани Ҷаласаву саммитҳои сатҳи баланд, ҳамоишҳо ва музокироти сиёсӣ дар Душанбе нишон аз фарҳанги воло ва дипломатияи пешрафтаи роҳбари муаззами кишвар мебошад.
Баргузор намудани чунин чорабиниҳои сатҳи баланд гувоҳ бар он аст, ки Тоҷикистон ҳамеша омода аст, то сиёсати башардӯстонаро пеш бараду дар сулҳу дӯстӣ ва амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузорад. Зеро мақсаду мароми Роҳбари давлат ва миллат ин пеш аз ҳама дӯстиву бародарӣ ва сулҳу осоиштагӣ дар сайёра мебошад.
Мо, ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дӯстиву ин рафоқат ва ин ҳамгироии муштаракро хуш истиқбол намуда, хостори дӯстии абадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳастем ва аз густариши ҳамкориҳо доимо саодатманд мебошем.
Давлатзода Давлат
муовини аввали ректори Донишкадаи
кӯҳию металлургии Тоҷикистон