Яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро имрузҳо ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин ба самтҳои гуногуни хоҷагии халқ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, вайрон намудани сулҳу субот дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он ба ҳисоб меравад.
Дар ибтидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он – терроризми байналмиллалӣ мебошад. Чи хеле, ки маълум аст терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст. Решаҳо ва шохаҳои терроризм хеле чуқур рафта, ба асоси иҷтимоии он, ба пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд.
Дар аҳли қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянду ба мақсади ғаразонаи худ расанд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористию экстремистӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид. Дар охири асри XIX ва оғози асри XX амалҳои террористию экстремистӣ бештар хусусияти сиёсиро ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористону экстремистон хеле васеъ гаштааст.
Бо баробари пешравии илму техника ва истифодаи технологияҳои наву замонавӣ намудҳои нави ҳизбҳои террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиоварашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Чунончӣ, медонем терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад. Истифодаи он мақсади ҷисмонии бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад.
Ифротгароӣ дар кадом шакл ки набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол намуда, сулҳу озодиро вайрон мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд.
Айни замон байни давлатҳои ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфузи ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетика, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра шиддат гирифта истодааст. Мақсаду мароми асосии онҳо байни дини ислом ва дини масеҳи зиддият барангезидан мебошад. Ин мақсади нохалафи гурӯҳҳои ифротӣ ба нофаҳмиҳо, вайронкориҳо, ҷангу ҷидол оварда мерасонад. Аз натиҷаи он ҷаҳонва аз ҷумла ҳамаи самтҳои ҳаёт: саломатӣ, иқтисодӣ, тинҷиву оромӣ ва дигарҳо зиён мебинанду азият мекашанд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки агар тамоми аҳолии ҷаҳон баҳри мубориза бар зидди терроризму экстремизм корбарӣ намоянд, мақсаду ҳадафҳои нохалафи онҳо барбод хоҳад рафт. Барои ноил шудан ба фазои сулҳпарварона мо бояд саъю кӯшиши зиёд намуда, донишҳои замонавиро омӯхта, технологияҳои пешрафтаи замонаро ба кор барем. Барномаҳо ва Стратегияҳои давлатии амалкунандаро пайгирӣ намуда нақшаҳои кории худро тартиб диҳему дар таълиму тарбияи насли ҷавон саҳмгузор бошем.
Чунончӣ пайгирӣ ва амалкарди Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаро сармашқи худ қарор дода кору фаъолияти худро ба он равона кунем.
Юсупов Хуршедҷон Маҳмудљонович
сардори бахши идоракунии сифати таҳсилоти ДКМТ