ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ—ПАДИДАИ НОМАТЛУБ ВА ФАРҲАНГСӮЗ

Терроризм яке аз хатарноктарин падидаҳои асри XXI буда, ба амнияти ҷаҳон, ҷомеа ва ҳар як инсон зарари бузург мерасонад. Он бо истифодаи зӯроварӣ, тарсондан ва куштори одамон бо мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё динӣ амалӣ карда мешавад.
Терроризм пеш аз ҳама ба ҳаёти инсон таҳдид мекунад, зеро дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ садҳо ва ҳазорон одамони бегуноҳ ҷон медиҳанд ва оилаҳои зиёд азизони худро аз даст медиҳанд. Ин падида тарс, изтироб ва ноамнӣ ба вуҷуд оварда, оромии рӯҳӣ ва эътимоди мардумро ба фардо коста мегардонад. Оқибатҳои равониву ахлоқии он махсусан ба кӯдакон ва ҷавонон сахт таъсир карда, боиси пайдоиши ҳисси нафрат, бовари набудан ба адолат ва рукуди тарбияи солим мегардад.
Зарари дигар тарроризм ба давлат ва ҷомеа аст. Он тартиботи ҳуқуқӣ ва суботи сиёсиро вайрон карда, метавонад ба тағйири сохти конститутсионӣ, заиф шудани ҳокимият ва ба миён омадани ҷангҳои дохилӣ оварда расонад. Дар кишварҳое, ки амалҳои террористӣ зиёд мешаванд, сармоягузорӣ коҳиш меёбад, рушди иқтисодӣ суст мегардад, бекорӣ меафзояд ва сатҳи зиндагии мардум паст мешавад. Терроризм имкон дорад гурӯҳҳои гуногуни миллӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоиро ба мухолифат кашида, ваҳдати миллӣ ва ягонагии ҷомеаро заиф созад.
Аз нигоҳи маънавиву фарҳангӣ низ терроризм падидаи ниҳоят зарарнок аст. Он номи дину мазҳабро истифода бурда, паёмҳои бардурӯғу ғаразнокро байни ҷавонон паҳн мекунад ва онҳоро ба ифротгароӣ ва бегонапарастӣ мекашад. Дар асл, ягон дин куштор, зӯроварӣ ва тарсонидани инсонҳоро ҷонибдорӣ намекунад, балки ба раҳму шафқат, инсондустӣ ва сулҳ даъват менамояд. Вақте ки террористон худро «дифоъгарони дин» муаррифӣ мекунанд, ин боиси бадном шудани дин дар чашми ҷаҳониён мегардад ва байни халқҳо нобоварӣ ва нафратро зиёд мекунад.
Барои мубориза бо терроризм танҳо қувваи ҳарбӣ кофӣ нест; зарур аст, ки сатҳи маърифатнокии ҷомеа, махсусан ҷавонон, баланд бардошта шавад, корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва оилаҳо ба роҳ монда шаванд. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки аз ин падидаи харобкорӣ худро дур нигоҳ дорад, аз ҳар гуна таблиғоти шубҳанок ҳазар кунад ва барои ҳифзи сулҳу амният дар Ватани азиз саҳми шахсии худро гузорад
ОСИМИ Оқил
сардори раёсати таълими ДКМТ