ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ -ДУШМАНИ БАШАРИЯТ

Мусаллам аст, ки дар ҷаҳони муосир инсоният бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мебошад. Яке аз хатарҳои бузурге, ки ба сулҳу субот, ваҳдати комил ва амнияти давлатҳо таҳдид менамояд, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Ин падидаҳои манфӣ на танҳо ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зарари ҷиддӣ мерасонанд. Аз ҳамин сабаб терроризм ва экстремизм ҳамчун душмани башарият дониста мешавад.
Терроризм ва экстремизм боиси вайрон гардидани сулҳ, нобуд шудани арзишҳои инсонӣ, талафоти ҷонӣ ва хароб гардидани иқтисоди давлатҳо мегардад. Ҳар як шахси солимфикр бояд дарк намояд, ки мубориза бар зидди ин зуҳуроти хатарнок вазифаи аҳли ҷомеа мебошад.
Терроризм аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънояш тарс ва ваҳм мебошад. Терроризм ин амалиёти зӯроваронаест, ки бо мақсади тарсонидани аҳолӣ, ноором сохтани ҷомеа ва расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ анҷом дода мешавад.
Экстремизм бошад, маънои ифротгароиро дорад. Он ифодаи андеша ва амалҳое мебошад, ки аз меъёрҳои ҷомеа берун буда, аксаран бо зӯроварӣ, таҳаммулнопазирӣ ва рад кардани арзишҳои умумии инсонӣ алоқаманд аст. Экстремистҳо аксар вақт кӯшиш мекунанд, ки ақидаҳои худро бо роҳи зӯрӣ ба дигарон таҳмил намоянд.
Ин ду падида бо ҳам робитаи зич доранд. Аксар вақт экстремизм ба терроризм оварда мерасонад, зеро андешаҳои ифротӣ метавонанд одамонро ба амалҳои зӯроварона водор намояд.
Ногуфта намонад, ки пайдоиши терроризм ва экстремизм сабабҳои гуногун дорад. Яке аз сабабҳои асосӣ ин нодонӣ ва сатҳи пасти маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии баъзе одамон мебошад. Вақте ки шахс дониш ва ҷаҳонбинии васеъ надорад, ба осонӣ метавонад зери таъсири гурӯҳҳои ифротгаро қарор бигирад.
Сабаби дигар ин мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад. Камбизоатӣ, бекорӣ ва ноадолатиҳои иҷтимоӣ метавонанд замина барои паҳн шудани ақидаҳои ифротӣ фароҳам оварад. Гурӯҳҳои террористӣ аз чунин вазъият истифода бурда, ҷавононро ба доми худ мекашанд.
Ҳамчунин, истифодаи нодурусти дин яке аз сабабҳои асосии пайдоиш ва равнақи экстремизм мебошад. Баъзе гурӯҳҳо таълимоти динро нодуруст шарҳ дода, бо ин роҳ кӯшиш мекунанд, амалҳои зӯроваронаи худро асоснок намоянд, ки ин амал нодуруст ва хатаровар мебошад. Дар асл бошад, ҳамаи динҳои ҷаҳон ба сулҳ, меҳрубонӣ ва эҳтироми инсон даъват мекунанд.
Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ба ҷомеа зарари бузург мерасонад. Пеш аз ҳама он боиси талафоти ҷонӣ, вайрон гардидани низоми солими иҷтимоӣ мегардад. Дар натиҷаи амалҳои террористӣ ҳазорҳо одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медиҳанд. Ба ғайр аз ин, терроризм ба иқтисодиёти давлатҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳодисаҳои террористӣ метавонанд рушди иқтисодӣ, сайёҳӣ ва сармоягузориро коҳиш диҳанд. Вақте ки дар ҷомеа нооромӣ вуҷуд дорад, пешрафт ва рушди давлат душвор мегардад.
Ҳамзамон, терроризм ба рӯҳияи мардум таъсири манфӣ мерасонад. Одамон дар ҳолати тарсу изтироб зиндагӣ мекунанд, ки ин метавонад ба ҳаёти иҷтимоӣ ва равонии ҷомеа таъсири ҷиддӣ бирасонад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки ҷавонон қисми фаъол ва муҳими ҷомеа мебошанд. Ояндаи ҳар як давлат аз сатҳи дониш, фарҳанг ва ҷаҳонбинии ҷавонон вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд нисбати масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм бетараф набошанд.
Яке аз роҳҳои асосии пешгирии экстремизм ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати насли ҷавон мебошад. Ҷавонон бояд илм омӯзанд, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд ва ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ эҳтиром гузоранд.
Ҳамзамон, тарбияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба қонун дар байни ҷавонон аҳамияти хеле калон дорад. Шахсе, ки Ватани худро дӯст медорад ва масъулияти шаҳрвандиро эҳсос мекунад, ҳеҷ гоҳ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷаҳолатпеша ҳамроҳ намешавад.
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи як давлат нест. Ин масъулияти тамоми аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Давлатҳо бояд ҳамкории зич дошта бошанд, таҷрибаи худро мубодила намоянд ва бар зидди гурӯҳҳои террористӣ муборизаи муштарак баранд.
Дар кишвари мо низ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, зарару зиёни шабакаҳои террористиву экстремистӣ тадбирҳои зиёде андешида мешад ва дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Қонунҳо ва барномаҳои махсус қабул карда шудаанд, ки мақсади онҳо ҳифзи амнияти миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи солими ватандӯстӣ мебошад.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар баробари давлат, ҷомеа низ бояд фаъол бошад. Оила, мактаб ва ҷомеа дар тарбияи насли солим нақши муҳим доранд. Агар тарбияи дуруст аз кӯдакӣ оғоз гардад, эҳтимолияти гирифтор шудани ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ кам мешавад.
Дар умум бояд гуфт, ки терроризм ва экстремизм яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳони муосир мебошад. Ин падидаҳо ба сулҳу амният, рушди давлатҳо ва зиндагии осоиштаи мардум таҳдиди ҷиддӣ доранд. Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди онҳо вазифаи ҳар як инсони ватандӯст ва масъулиятшинос мебошад.
Ҷиҳати ҳифзи фазои солими иҷтимоӣ ва зиндагии осоишта, ҳар як нафар шаҳрванд бояд бар зидди ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мубориза барад ва амалҳои номатлубро маҳкум созад. Зеро терроризм ва экстремизм аз падидаҳои номатлуб ва душмани насли башар мебошад.
ОРИЁПУШТ ЗАРДУШТМЕҲР
мутахассиси шуъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон