ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Имрўз яке аз мушкилотҳои пурхатаре, ки ҷомеаи башариятро сахт ба ташвиш гузоштааст, ин падидаҳои номатлуб аз қабили ҳар лаҳзаву замон ва бо ақидаҳои мухталиф рўйи кор омадани гурўҳҳои носозгори террористӣ, экстремистӣ ва ифротгароӣ мебошанд. Ин омилҳои хатархо, ки ҳамарўза дар ҳаёти инсоният чун заҳрпечак арзи вуҷуд карда истодааст саркардагони онҳо саъю талош менамоянд, ки нақшаҳои ифротонаи хешро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм бар сари ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намуда бо ин васила инсонҳоро ба худ тобеъ сохта, гурўҳҳои муташакилонаи худро афзун созанд.
Мақсади манфуронаи онҳо натанҳо ин ё он давлату кишварҳои ҷаҳонро, балки ноором сохтани фазои мукаммали ҷомеаи муосир мебошад.
Равшан аст, ки падидаҳои номбурда ҳамчун ҷинояти сангин алайҳи оромию суботи инсоният аст. Ҳадафи ягонаи ҳар яки он гуруҳҳо дар амал як буда, иҷоя Фазои ноамонию бесуботиро барои шаҳрвандони ин ё он давлат эҷод кардан, дорои ин ё он давлатро бо роҳи тасаруф аз худ кардан ва сиёсатдории ин ё он давлатро заиф кардан аст. Бо ин роҳу онҳо имконият пайдо карда бовари мардумро нисбат ба давлат коҳиш дода, миёни давлат ва мардум фосила эҷод карда истодаанд.
Маълум аст, ки ин ҳадафҳои зишткорона дар зиндагии имрўза барои на ҳама аъзои дигари ҷомеа қобили қабул аст. Аз ҳамин лиҳоз имрўз сиёсати дастаҷамъонаи ҷаҳон бар муқобили ин омилҳо мубоиза бурда истодаанд. Мақсади ин ташкилоту созмонҳо зишт ва нопок аст, поя надорад, зуд-зуд пароканда шуда оқибати бебако хоҳанд монд, аммо саркардагони онҳо боз падидаҳои ҷадидеро пайдо намуда, сафи худро пурра намуда, ҳаракатҳои худро бо роҳи нав рўйи кор оварда истодаанд.
Ҷойи таасуф он аст, ки агар аз як ҷониб ин амалҳои манфурона шумораи куштори занону кўдакон ва одамони бегуноҳоро дар ҷаҳон замон ба замон афзун мекунад, аз дигар тараф иттилоотҳое, ки дар расонаҳои хабари пахш мешаванд, маълум шудааст, ки дар сафи ин гурўҳҳо бештар ҷавонону наврасон, ки бояд сиришти онҳо пур аз меҳру муҳаббати ватан саршор бошад шомил гашта акси ҳол нисбат ба Ватани хеш нигоҳи бадбинона зоҳир менамоянд, амали нобахшидании хиёнткориро пеша интихоб намудаанд. Акнун барои онҳо не Ватан, не миллат не муқаддасоти он ягон маъно ё арзише надорад, ки ин ваҳшоният бисёр даҳшат аст. Онҳо ҳамчун манфур таҳти фишор ва фармонравоии хоҷагони хеш қарор гирифта пешаи хиёнаткориро касб ишгол намуда, нооромсохтани амнияти зиндагии инсониятро шуғл интихоб намудаанд..
Яқинан маълум аст, ки онҳо аз қабили ҷавононе мебошанд, ки аз таълиму тарбия дур монда, сатҳи дониши паст доранд. Бедониши онҳоро ба чунин роҳи пурхатари бебозгашт бурда, имрўз маҷбуран ҷонӣ худро қурбони ин амалҳои барои миллату Ватани хеш нангин кардаанд. Агар саволе ба миён ояд, ки киҳо ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ шомил мешаванд? Посух чунин аст, онҳое, ки саводу маърифати дурусти не динӣ ва не дунявӣ надоранд, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, таълимоти сирф сиёсишудаи исломиро ба эътиқоди худ табдил додаанд. Яъне ин қабил афродеанд, ки ба номи поки ислом иснод мехоҳанд оранд.
Ба ҳамаи мо маълум аст, дар гуруҳҳои террористӣ, ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрави кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, бештар ҷавонон фаъоланд, Мутаассифона дар радифи онҳо шомилшудани ҷавонони Тоҷикистони низ ба қайд гирифта шудааст. Онҳо Ватани худро бо роҳи тарғибу ташвиқ тарк кардаанд. Дигар роҳи бозгашт барои онҳо вуҷуд надорад, ҳарчанд пушаймонанд.
Тарк кардани давлат ва шомил шудан ба чунин созмону ҳаркатҳо амали хоинона ва нобахшидани нисбати чунин ҷавони соҳибватану соҳибмиллат маҳсуб меёбад. Магар чизу молу пул ба як каф хоки Ватан баробар шуда метавонад? Ватане, ки дар оғушаш туро ба камол расонидаасту бароят тамоми шароити зиндагиро фароҳам оварда баркамол кардааст.
Дар ягон давру замон терроризмро аҳли башарият дастгирӣ накардаст. Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллату давлат арзишҳои умумимиллию умумидавлатие ҳастанд, ки одамон, шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барӯманди он аз як гиребон сар мебароранд.
Имрўз мардуми Тоҷикистон шуруъ аз лаҳзаҳои сангини давраи ҷанги шаҳрвандӣ таҳти роҳбарии фарзанди фарзон, ватандўст дар роҳи давлату давлатдорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эмин нигоҳ доштани Ватан, муқаддасоти он идеяи фарогири миллӣ, идеяи Тоҷикистони воҳид, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии кишварро дар мадди аввал гузошта шиор пеша карда баҳри субботу амнияти ин кишвар кору фаъолият менамоянд..
Ояндае, ки мо хоҳем сохт, он пеш аз ҳама амну сулҳу субот аст. Мо фарзандони содиқу бовафои ин Ватан имкони таъмини ҳамаи ин арзишҳоро дорем. Пас, барои иҷрои ин масъулият барои ҳифзи ин хоку Ватан бояд шурўъ аз кормандони мақомоти масъул якҷоя, дастаҷамъона кули шаҳрвандон барои ободию амният миллат меҳнат кунем, дўстию ваҳдатро таҳким бахшем, оқилона ва бомулҳиза баҳри созандагӣ баҳс кунему муборизаи шаффофу боадолатро пеш барем.
Шарипов Х
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон