Санаи 30.01.2026 ҷашни Сада дар шаҳри Бӯстон бо ширкати раиси муҳтарами шаҳр ва дигар меҳмонону фаъолон таҷлил карда шуд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуда, дастовардҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро ба муаррифӣ гузоштанд.




