
Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ва меҳмонон аз Ҷумҳурии мардумии Чин иди Меҳргон таҷлил карда шуд.
Қабл аз оғози чорабинии бошукӯҳ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон аз хайма ва хони идонаи факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав, факултети металлургия, факултети электромеханика ва факултети корҳои кӯҳӣ дидан намуда, ба деканҳо ҷиҳати оростани гӯшаи идона изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сипас, ба ҳозирин варзишкорон мусобиқоти варзишӣ гузаронида, аз қувваозмоӣ намоиш доданд.
Чорабиниро сардори раёсати таълим дотсент Осими Оқил ифтитоҳ намуда, аз бузургиву шаҳомати Меҳргон мужда дод. Сипас, суханро ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ сухан дод.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамагонро ба ин санаи нек ва иди миллӣ – Меҳргон табрику таҳният гуфта, ба кулли ҳозирин барору муваффақият таманно намуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз дошт, ки маҳз бо баракати соҳибистиқлолӣ ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ дубора эҳё карда шуданд ва фарҳанги миллӣ ҳифз гардид.
Мо, бояд анъанаи неки ниёконамонро ҳаргиз фаромӯш насозем ва дар таҷлили ҷашну идҳои миллӣ доимо фаъол бошем. Зеро таҷлил аз ин ҷашнҳо ин ҳифзи фарҳанг ва пос гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Мавсуф ба ҳама ҳайати профессорию омӯзгории донишкада Меҳргонро табрику таҳният гуфта, ба кулли ҳозирин саодатмандиву сарбаландӣ ва комгорӣ таманно намуд.
Сипас, барномаи рангини ҳунарӣ аз ҷониби гурӯҳи ҳунарии “Ҷилои Ёқут”-и донишкада манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба сохтори тарбия ва кулли омӯзгорону кормандон барои баргузории ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
М. Саидов
Шуъбаи иттилоот