ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ чорабинии бошукуҳ баргузор карда шуд. Чорабиниро мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳрохон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақш ва мақому ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар худшиносии миллат суханронӣ кард.

Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамагонро ба Рӯзи Рӯдакӣ табрику таҳния гуфта,  чанд пора аз осори Рӯдакии бузург қироат намуд ва сипас, роҷеъ ба осори адабӣ, арҷгузорӣ ба ин шоири бузург, шинохти адабӣ, ташаккули шахсият, нақши Рӯдакӣ дар сиёсати замонаш ва тарбияи ватандӯстӣ, мақоми баланди Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷику форс, андешаи фалсафии Рӯдакӣ, хирадсолории ӯ,  сухан ронда, чанд нуктаи муҳимро таъкид намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки осори шоири бузурги ҳавзаи тоҷику форс Рӯдакиро мутолиа намоянд аз худ бикунанд. Зеро ашъори Рӯдакӣ ашъори инсонсоз ва саропо тарбияту ахлоқ асту инсонро ба рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, илмдӯстиву донишомӯзӣ даъват менамояд.

Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза сардори раёсати таълим Осими Оқил шеърҳо аз Рӯдакӣ қироат намуд. донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси коркарди корҳои канданиҳои фоиданок Носирзода Иброҳим дар мавзуи “Устод Рӯдакӣ-бунёдгузори адабиёти классикии тоҷик” ва дигар донишҷӯён пораҳои шеъри аз Рӯдакӣ бо се забон қироат карда шуд. 

Ҳамзамон дар чорабинии имрӯза аз ҷониби донишҷӯён саҳнаи ҳунарӣ ба намоиш гузошта шуд, ки порае аз ҳаёти шоирро қисса менамуд.

 

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов