ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Чорабиниро нахуст ректори Донишкада д.и.и., профессор  Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз лаҳзаҳои таъсисёбии Артиши миллӣ ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Артиши миллӣ ёдоварӣ намуданд.

Ректори Донишкада қайд намуданд, ки Артиши миллӣ бо ҷоннисориву талошҳои бевоситаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити басо вазнин ташкил карда шуд ва хушбахтона имрӯз тамоми ҷузъу томҳои он комил гардида, барои амнияту суботи мардуми шарифи Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Мавсуф изҳор дошт,  ки “Дифоъ аз марзу буми меҳан бар уҳдаи сарбозони далер ва шуҷои Ватан мебошад ва хушбахтона, ин масъулият ва вазифаи худро фарзандони баномуси тоҷик, сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона иҷро менамоянд. Ин далели неруи бузург ва тарбияи баланди касбию маҳорати афсарону аскарони Артиши миллӣ аст”.

Ҳар давлат фақат бо қудрат ва тавоноии артиши худ метавонад дар арсаи байналмилалӣ мақоми низомияшро муаррифӣ созад. Артиш ҷузъи муҳими давлатдорӣ буда, кафили асосӣ барои пойдории давлат ҳисобида мешавад.
Барои ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон таъсиси Артиши миллӣ осон набуд ва аз ҳама муҳимаш базаи моддиву техникӣ талаб менамуд. Дар фурсати кӯтоҳ ташкил намудани он кори саҳл набуд ва барои ин вақт зарур буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллиро таъсис доданд ва 23-уми феврал аввалин гузашти ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд…
Мавсуф таъкид намуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Артиши миллӣ ва хизмати бузургу нақши он дар таъмини суботи ҷумҳурӣ чунин нигоштаанд: «Мо ба шарофати истиқлолият соҳиби Артиши миллӣ шудем. Шукронаи онро мекунем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро бунёд карда тавонистем. Вале ин ҳанӯз кам аст. Дар назди неруҳои низомии мо корҳои бисёре истодаанд. Мо мехоҳем, ки низомиёни мо чун падару бобоёни худ бо халқ ҳамдилу ҳамнафас бошанд, аз ҷониби шаҳрвандон чун ҳимоятгари Ватан пазируфта шаванд. Аз ин рӯ, ҳар афсару сарбозро зарур аст, ки беҳтарин анъанаҳои ҳарбиро ривоҷ диҳад, аз интизоми намунавӣ, матонат ва садоқати ба халқу Ватан доштаи наслҳои гузашта сабақ гирад».

Бале, таърихи гузаштаи миллати сарбаланди тоҷик нишон медиҳад, ки гузаштагони пурифтихорамон аз маҳорати баланди ҳарбӣ бархӯрдор буданд ва тамрини доимиву обутоб ёфтан дар ҳар гуна шароитро барои дифоъ аз Ватан кори рӯзмарраи хеш меҳисобиданд.

Баъдан, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба як қатор омӯзгорону кормандони Донишкада  Сипосномаи Раёсати Донишкадаро  тақдим намуд. Ҳамзамон дар ин рӯз мусобиқаҳои варзишӣ, ки бахшида ба Ҷоми ректори Донишкада баргузор карда шуда буд, ҷамъбаст карда шуда ба ғолибон Ҷом ва дипломҳо тақдим карда шуд. Ин навбат соҳиби Ҷоми ректори Донишкада факултети электромеханика гардид. 
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза аз ҷониби дастаи ҳунарии донишкада “Ҷилои ёқут” барномаи рангини фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
 

                                                                     Шуъбаи иттилоот