Тақдими шаҳодатномаи патентӣ ба олими ҷавон Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа

Имрӯз зимни баргузории ҷаласа  ректори Донишкада  ба олими ҷавон мудири кафедраи таъминоти барқ Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа шаҳодатномаи идораи патентиро тақдим намуд.
Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа дар пайи ихтирои “Дастгоҳ барои чен карлани гармиғунҷоиши хоси моеъҳои наноструктурӣ ва маҳлулҳо дар реҷаи худкор” соҳиби шаҳодатнома ё худ патент гардид.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ талошу кӯшиши олимони ҷавони донишкадаро шоистаи таҳсин хонда, таъкид намуд, ки ин гуна ихтироъҳо бояд бештар карда шавад.
Мавсуф ҳамчунин ба Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа ҷиҳати чунин дастоварди илмӣ ва ҷаҳди бештараш дар рушди имл ва маориф  изҳори миннатдорӣ баён кард. Гуфта шуд, ки чунин ҷавонони ихтироъкор ва илмдӯст метавонанд барои рушди соҳаи имл ва ҳамзамон таъсиси ҳавзаи илмӣ саҳми арзишманд гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон беҳтарин мутахассисон фаъолият мебаранд ва дар ин самт ҷавононро низ тарбия менамоянд. Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа низ аз чунин олимони фаъол ва пешсафу дастпарвари мактаби илмии ДКМТ мебошад.