Тибқи дастури ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат дар шаҳри Душанбе аз корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг” дидан намуда, ҷиҳати ҳамкорӣ бо Донишкада бо масъулони ин корхона мулоқот намуд. Ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ барои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ будани мутахассисон ба бозори ҷаҳонии меҳнат муҳим буда, дар ин самт ҳамеша корҳо бурда мешаванд.
Давлатзода Давлат иттилоъ дод, ки дар корхонаи мазкур таҷҳизоти коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷило аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишвари Олмон ворид карда шуда, дар корхона аз сангҳои табиии мамлакатмон беш аз 100 намуди маҳсулот, аз ҷумла муҳра, гарданбанди ҳархела, дастмона, гӯшвор, шамъдон, гулдон, ҷиҳози рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ истеҳсол карда мешаванд, ки дар онҳо таърих, фарҳанг, расму оин ва маданияти миллати тоҷик бармало тасвир ёфтааст.
Қайд намудан ба маврид аст, ки аз оғози соли хониш муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ҷиҳати ҳамкорӣ бо зиёда аз 36 корхонаи саноатии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ гуфтугӯ намуд.
Шуъбаи иттилоот


