
Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Тибқифармоиши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ яке аз бонувони фаъол ва меҳандӯст Собирова Шукриниссо, декани факултети корҳои кӯҳӣ олими ҷавон Маҳмудов Ҳасанбой таъйин карда шуданд ва муҳлати декани факултети электромеханика олим ва шахси фидоӣ, маорифпарвари асил профессор Қозизода Камолуддин барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди таълиму тарбия аз нав тамдид карда шуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба кадрҳои навтаъйиншуда барои иҷрои рисолати хеш машваратҳои муфиду судманд дода, таъкид намуданд, ки содиқона хидмат намоянду ба донишҷӯён – фарзанди мардум ҳамчун фарзанди худ муносибат намоянд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба собиқ декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ Шамсиддинов Шӯҳратҷон ва собиқ декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули барои заҳматҳои зиёд ва фаъолияти босамар изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, раёсат ҳаргиз заҳматҳои шуморо фаромӯш намесозаду минбаъд низ дар тарбияи насли ҷавон саҳми хоҳем гузошт.
Шуъбаи иттилоот
