
Терроризм ва экстремизм – зуҳуротҳои номатлуби замони муосир мебошанд, ки боиси таҳдид ба амнияти давлатҳо, суботи ҷомеа ва рушду пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ мешаванд. Терроризм маънои содир кардани амалҳои зӯроварона ва тарсонидани аҳолиро дорад, ки бо мақсади расонидани таъсир ба ҳокимият ва тағйири сохти сиёсӣ истиффода мешавад. Экстремизм бошад, тундравӣ дошта, фикру амалҳои аз ҳад гузаштаро ифода мекунад.
Терроризм ва экстремизм на танҳо ҷиноятҳои хусусияти дохилӣ, балки таҳдиди байналмилалӣ буда, боиси нооромии сиёсию иҷтимоӣ ва харобиҳои иқтисодӣ мешаванд. Ин зуҳурот боиси талафоти ҷони одамон, харобии ёдгориҳои таърихӣ ва осеби иқтисодӣ ба давлатҳо меарданд. Муҳим аст, ки кишварҳо бо ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи сиёсати ягонаи мубориза б ин зуҳурот, фазои боварӣ ва амнияти ҷаҳонӣ фароҳам оранд.
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Давлатҳои кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад,ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро харчи зудтар пайдо намуда, онро решакан намоянд. Аз тахдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад, зеро ин ҷараёни хатарҳо ба несту нобуд кардани халқиятҳо, миллатҳо ва давлатҳо замина мегузорад.
Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамлакати дунё одамони беуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгорриҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мегардад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зерри суол мебаад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишвар ворид месозад.
Аз ин рӯ ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки аз оқибатҳои нангини ин зуҳурот бохабар буда, бар зидди терроризму ифротгароӣ муқовимат намоянд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷавононро зарур аст, ки ҳар як ваҷаб хоки аҷдодии кишвари азизамонро ҳифз намоянд ва барои мубориза бо терроризму экстремизм бо роҳу усулҳои самарабахш омода бошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз истиқлолият бо қабули қонунҳо ва стратегияҳои миллӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизмро самти афзалиятнок қарор додааст. Ин чораҳо ба безарар гардонидани омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ иуқтисодӣ ва ҳуқуқӣ равона карда шудаанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар якм узви ҷомеа буда, барои таъмини амният ва ваҳшдати миллӣ муҳим аст.
Дар тамоми вазъу ҳолат мо шаҳрвандони ин марзу буми муқаддас ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва доимо пайрави мактаби бузурги сиёсии Пешвои миллат, бошем.
Набиева Д.Қ.- ассистенти кафедаи забони давлатӣ
ва забонҳои хориҷӣ