ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Тибқи фармоиши Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Давлат муовини аввали ректор ва Мирзозода Воҳидҷон муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Кадрҳои ҷавон ва тоза таъйинро намояндагони Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипова Дилафрӯз ва Бурҳонзода Дилшод муаррифӣ намуда, ба устодон Насриддинов Замониддин ва Аминҷонова Мавлудахон ҷиҳати хизматҳои шоиставу софдилона изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Ҳамчунин, роҳбарият ва ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ба кадрҳои нав таъйингардида барору муваффақият таманно намуда, ба Насриддинов Замониддин ва Аминҷонова Мавлудахон изҳори сипос ва ихлосу эҳтиром нишон дода, хидмати ононро беназир арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳар тағйироти кадрӣ бинобар буд шудани муҳлати вазифавии муовини авали ректор ва муовини ректор оид ба тарбия анҷом дода шуд.
Дар ҷараёни маҷлис ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз хидматҳо ва амалкарди неки профессор Насриддинов Замониддин ва профессор Аминҷонова Мавлудахон ёдовар шуда, ба эшон сипосмандии шахсии хешро иброз дошт. Мавсуф иброз дошт, ки ҳаргиз хидматҳои неки ин ду нафарро фаромӯш намесозад ва ҳамеша дастгирӣ менамояд. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамзамон ба кадрҳои таъйингардида номзади илмҳои техникӣ Давлатзода Давлат ва номзади илмҳои иқтисодӣ Мирзозода Воҳидҷон муроҷиат намуда, ба онон ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани корҳо, тарбия намудани насли ҷавон ба меҳнати софдилонаву содиқона, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, меҳнатдӯстиву садоқатмандӣ машваратҳо дода, барои иҷрои масъулияти хеш барору муввафақият таманно кард.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз дошт, ки ин ҷавонон, ки пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, метавонанд насли созандаву бунёдкор, ватандӯсту меҳнатдӯст, содиқ ва қавииродаву саодатмандро тарбия намоянд, ки баҳри ояндаи дурахшони Ватани азизамон саҳм мегузоранд.