Имрӯз, Сафири Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Го Чжитсзюн бо ҳамроҳии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ба Донишкадаи Конфутсияи дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки меҳмононро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, директори Донишкадаи Конфутсий Насриддинов Замониддин, директори ҷониби чиноии Донишкадаи Конфутсий Сун Даман ва дигар омӯзгорону кормандони донишкада истиқбол намуданд.
Сафири Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Го Чжитсзюн аз равнади дасрҳо дар Донишкадаи Конфутсий огоҳ гардида, бо шунавандагон ошкоро мулоқот намуд.
Сипас, мулоқоти расмии ҷонибҳо сурат гирифт, ки Сафири Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Го Чжитсзюн ба раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ва ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, хостори ҳамкории бештар ва дӯстӣ шуд.
Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон низ ҷиҳати ҳамкорӣ ва равобити бештар ба ҷаноби сафир посухи мусбат дода шуд.
Дар мулоқоту вохӯрӣ бо омӯзгорону кормандони Донишкадаи Конфутсий меҳмони олиқадр барои густариши равобити дӯстиву фарҳангӣ ва равнақи ҳамкориҳо махсус таъкид намуд.
Шуъбаи иттилоот
