ТАШРИФИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ ИТТИФОҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАРКШЕЙДЕРОН “ISM” БА ДКМТ

ВОХӮРИИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ ИТТИФОҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАРКШЕЙДЕРОН “ISM” БО ДОНИШҶӮЁН ВА ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ

Санаи 17.05.2025с. дар толори видеоконфронси донишкада бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи корҳои маркшейдерӣ, вохӯрии судманд бо иштироки Ноиби президенти Иттифоқи байналмилалии маркшейдерон “ISM”, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи давлатии техникии Тошкент ба номи И.А.Каримов Саййидкосимов Саиджабор Саидкосим- уғлӣ баргузор гардид.

Дар вохурӣ нахуст декани факултети корҳои кӯҳӣ доктори илмҳои техникӣ Самадова Гулӣ Мирҷоновна суханрони намуда,  меҳмонро ба донишкада хайрамакдам гуфта, иштирокдорони вохӯриро бо меҳмон шинос намуданд.

Сипас, д.и.т., профессор Саййидкосимов Саиджабор Саидкосим-уғлӣ дар баромади худ оид ба масъалаҳои муҳими рушди соҳаи маркшейдерӣ, татбиқи технологияҳои муосир, такмили малакаҳои касбии мутахассисон ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳамзамон профессор Саййидкосимов Саиджабор Саидкосим-уғлӣ қайд намуд, ки донишҷӯёни ихтисосҳои корҳои маркшейдериро зарур аст, ки ба илму дониш руй оваранд, зеро он сарвати бебаҳост ва метавонад инсонро ба қуллаҳои баланди музаффарият расонда бошад. Аз ин рӯ донишҷӯён ба хотири мутахассиси ҳирфаии соҳаи интихобнамудаи хеш гардидан бояд ҳарчӣ бештар донишҳои назариявии худро ба амалия пайваст намуд.

Донишҷуён бо шавқу рағбати зиёд ба суханронии баромадкунанда таваҷҷуҳ зоҳир карда, суолҳои гуногун низ пешниҳод намуданд ва ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир профессор Саййидкосимов Саиджабор Саидкосим-уғлӣ омодагии хешро ҷиҳати ҳамкории тарафайн бо кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ иброз дошта, қайд намуд, ки барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ – педагогӣ саҳми худро мегузорад.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ декани факултети корҳои куҳӣ д.и.т. Самадова Г.М. ва дотсенти кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Ёқубов С. ба профессор Саййидкосимов Саиджабор Саидкосим-уғлӣ барои суханронии пурмғҳтаво изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки вохӯрӣ арзиши хос дошта, иштирокчиёнро бо равандҳои нави илмӣ ва амалии рушди соҳа ошно намуд. Ин вохӯрӣ на танҳо ҳамчун як платформаи мубодилаи дониш, балки ҳамчун таҳқиқкунандаи робитаҳои илмӣ ва таълимӣ миёни мутахассисони соҳа пазируфта шуд.

Пас аз вохӯрӣ Ноиби президенти Иттифоқи байналмилалии маркшейдерон “ISM”, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи давлатии техникии Тошкент ба номи И.А.Каримов Саййидкосимов Саиджабор Саидкосим- уғлӣ ва  декани факултети корҳои кӯҳӣ доктори илмҳои техникӣ Самадова Гулӣ Мирҷоновна аз базаи моддӣ – техникии кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ дидан намуданд. Ҳангоми муаррифии таҷҳизоти геодезию маркшейдерӣ, мудири кафедра дотсент Юсупов Саид-Акрамхоҷа Мӯминович иттилоъ дод, ки дар озмоишгоҳи “Асбобҳои геодезӣ ва маркшейдерӣ” таҷҳизоти муосири оптикӣ ва электронӣ мавҷуданд, ки дар корҳои саҳроӣ истифода мешаванд. Донишҷӯён дар ҷараёни дарсҳои амалӣ бо ин таҷҳизот кор намуда, малака ва маҳорати амалии худро такмил медиҳанд.

Ҳамзамон, натиҷаи корҳои саҳроии худро бо истифода аз барномаҳои Micromine ва ArcGIS коркард ва таҳлил менамоянд.

Дар анҷом, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо дар заминаи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва дастгирии ташаббусҳои нав баён намуданд.

 

Боев Муродбек Бекмаҳмадович

омӯзгори калони кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ