Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳар як имконияти мавҷударо хусусан дар мавриди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ пурсамар истифода барад.
Дар ин замина, санаи 15.04.2025 масъули робита бо ҷомеаи сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Хезер Беггс, бо сафари корӣ ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни ташриф, вохӯрии самимию судманд бо роҳбарият ва намояндагони самти байналмилалии донишкада баргузор гардид Мавзуи асосии мулоқот баррасии роҳҳои эҳтимолии ҳамкорӣ миёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои ИМА буд. Ҷонибҳо масоили марбут ба барномаҳои таълимии муштарак, мубодилаи донишҷӯён ва устодон, таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура дар донишгоҳҳои Амрико, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотиро муҳокима намуданд. Хонум Хезер Беггс ба имконияти ҷалби донишҷӯён ва омӯзгорони тоҷик ба стипендияҳои байналмилалӣ ва барномаҳои таҳсилоти олӣ таъкид намуд.
Аз ҷумла, дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи омӯзиши забони англисӣ зоҳир карда шуд. Бо назардошти он ки донистани забони англисӣ калиди дастрасӣ ба барномаҳои байналмилалӣ мебошад,ҷонибҳо зарурати таҳкими омӯзиши забони англисиро дар донишкада таъкид карданд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки бо дастгирии сафорат курсҳои омӯзишии забони англисӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорон ташкил карда шаванд, инчунин дастрасӣ ба барномаҳо ва маводи таълимии муосир фароҳам гардад.
Дар натиҷа, ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки барои таҳияи нақшаи мушаххаси ҳамкорӣ қадамҳои амалӣ андешида шавад. Ҳамчунин, ҷонибҳо хулоса намуданд, ки рӯйхати донишгоҳҳои эҳтимолии шарик таҳия гардида, тавассути сафорати ИМА имконияти барқарор намудани робитаҳо бо онҳо мавриди омӯзиш қарор гирад.
Баъд аз анҷоми вохурӣ хонум Хезер Беггс аз озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои донишкада дидан намуд.
Ташрифи хонум Хезер Беггс ба донишкада ҳамчун як иқдоми муҳим ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардида, ба рушди таҳсилоти рақобатпазир, дастрасӣ ба имкониятҳои байналмилалӣ ва боло бурдани сатҳи забондонии ҳайати устодону донишҷӯён мусоидат менамояд.