Дирӯз, ба Донишкадаи кӯҳмю металлургии Тоҷикистон намояндагони IHE Delft Institute for Water Education — доктор Бринда Картикейан, мутахассиси соҳаи гидрогеология, ва Аминҷон Абдуллоев корманди лоиҳаи идоракунии обҳои зеризаминӣ, ки аз ҷониби ташкилоти Helvetas Swiss Intercooperation дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, ташриф оварданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон иттилоъ дод.
Меҳмононро муовини якуми ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба илм Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбия Мирзозода Воҳид, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон, мудири кафедраи экология Хоҷибоев Далер ва ассистенти кафедра Назарова Маҳина истиқбол намуданд.
Пас аз мулоқот ва гуфтушунид ҷонибҳо бар ин натиҷа расиданд, ки дар самтҳои зер ҳамкорӣ намоянд:
-имкониятҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ташкилотҳои фаъол дар соҳаи идоракунии обҳои зеризаминӣ;
-хариди таҷҳизот ва асбобҳои омӯзишиву илмӣ барои лабораторияҳои донишкада;
-ташкили курсҳои баланд бардоштани савияи тахассусии устодон бо забони англисӣ;
-ҳамчунин рушди тадқиқоти амалии илмӣ дар соҳаи экология ва истифодаи оқилонаи захираҳои об.
