ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ОҶОНСИИ “РОССОТРУДНИЧЕСТВО” БА ДОНИШКАДА

Имрӯз ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон намояндагони оҷонсии федеролии “Россотрудничество”-и Федератсияи Русия Патрушев Андрей роҳбари Хонаи русӣ дар шаҳри Душанбе ва Степанова Татьяна роҳбари Хонаи русӣ дар шаҳри Хуҷанд ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарияти Донишкада мулоқот намуданд.
Дар мулоқот муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯзахон, сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ профессор Ҳоҷизода Саидмуқбил, мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ Холов Зафар ва сардори шуъбаи иттилоот ширкат намуданд.
Давлатзода Давлат меҳмононро хуш қабул намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, рушди фарҳанги башардӯстона, имкониятҳои Донишкада, табодули донишҷӯён, авзои ҳамкории донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Русия бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Мавсуф, изҳор дошт, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамеша омода аст, барои рушди илм ва маориф, беҳтар гардидани равобити бародаронаву дӯстона, саҳми арзанда гузоштан дар рушди илми ҷаҳонӣ бо шарикон ҳамкорӣ намояд ва кумаки хешро бирасонад…
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо 13 донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаасту айни замон ҳамкорӣ дорад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба чунин натиҷа расиданд, ки минбаъд низ барои рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ, соҳаи илму маориф ва ниятҳои башардӯстона ҳамкориро идома хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз донишкадаҳои пешқадам ва ягона донишкадаи соҳавӣ дар самти саноат ва зеҳни сунъӣ, иқтисодиёт ва энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо зиёда аз 67 донишкадаву донишгоҳҳои байналмилалӣ ҳамкории мустақим дорад.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов