
Имрӯз бо дастури муовини якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо шароиту имконияти соҳаи варзиш, сатҳу сифати иҷроиши барномаҳои рушди тарбияи ҷисмонӣ, ҳолати маҷмааи варзишӣ ва синфхонаҳо, омодагӣ ба соли хониш ва нақшаҳои минбаъдаи вобаста ба соҳа муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, намояндаи иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғафуров Мирзоғуфрон ва муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ташриф оварданд.
Муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро бо ҳайати ҳамроҳикунанда ректори донишкада, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ хуш истиқбол намуда, ба толори варзишӣ, майдончаҳо синфхонаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш роҳнамоӣ кард. Мавсуф зимни муаррифӣ аз дастоварду муваффақиятҳои дастаи варзишкорони донишкада дар намудҳои мухталифи варзиш дар дохил ва хориҷи кишвар ёдрас шуда, таъкид намуд, ки тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва ҳайати профессорию омӯзгории донишкада барои тарғибу ташвиқи бурдани тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба ватандӯстӣ доимо талош менамояд ва ҳамеша тадбирҳо меандешад.
Зимни боздид муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Муртазохон бо ҳайати ҳамроҳ аз сохторҳои МИҲД-и вилоят бо озмоишгоҳҳо ва марказҳои пажӯҳишии кафедраи фанҳои табиӣ- илмии донишкада дидан намуда, бо шарту шароит, имконияту иқтидор ва дастовардҳои озмоишгоҳҳо ошно гардид. Бо роҳнамоии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ мудири кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил аз тарзи истифода ва шароити озмоишгоҳҳо, дастовардҳо ва лоиҳаҳои амалигардида сухан гуфта, ҳамаи озмоишгоҳҳоро бо тамоми нозукиҳои касбӣ муаррифӣ намуд. Сипас, номбурда дар бораи таҳқиқотҳои гузаронидашуда, амали намудани лоиҳаҳо, ҷалби бурсияҳои бузурги илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамзамон истифодаи фанновариҳои ҷадид дар пешбурди корҳои озмоишӣ маълумот дод.
Таъкид карда шуд, ки минбаъд низ лоиҳаҳо калон барои гузаронидани корҳои озмоишӣ дар ҳамкорӣ бо давлатҳои шарик ба донишкада ҷалб карда мешаванд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, ки худ аз олимони илмдӯст ва дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ба меҳмонон аз таҷдиду навсозии озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои компютерӣ ёдрас шуда, илова намуд, ки дар ояндаи наздик қарор аст боз як силсила таҷҳизоти наву замонавӣ барои пешбурди корҳои илмӣ ва гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ ба донишкада оварда шавад. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои байналмилалии донишкада, фароҳам овардани шароит, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, ифтитоҳи филиали кафедраҳо дар корхонаҳо, баргузории семинару конференсияҳои сатҳи байналмиллалӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои пешрафт ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва ватанӣ тамоми талошу кӯшишҳои хешро ба харҷ хоҳад дод.
Дар интиҳо муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба роҳбарият ва омӯзгорону кормандон изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ, андешидани тадбирҳо ва ҳамзамон рушди варзиш ба масъулин дастуру супоришҳо дода, изҳори боварӣ намуд, ки ҳайати профессорию омӯзгории донишкада дар ин самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳанд гардид.
Ёдовар мешавем, ки меҳмононро аз донишкада ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада, номзади илмҳои техникӣ Давлатзода Давлат, мудири кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ, профессор Ҳоҷизода Саидмуқбил Қосим, дотсенти ҷавону пажӯҳишкор, номзади илмҳои техникӣ Ашӯров Хайруддин хуш истиқбол намуда, бо сипосмандӣ гусел намуданд. Роҳбарияти донишкада тасмим гирифтааст, ки боз ҳам барои саривақт амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба сомон расонад.