Тарбияти дуруст асоси пешгирӣ аз ҳама гуна ҳаракатҳои ифротӣ аст

      Мусаллам аст, ки кунун тамаддуни башарӣ дар марҳилаи муосири рушди худ ба раванду ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро тағйир дода натавонанд ҳам, вале онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва умуман, дар раванди таърихии инкишофи халқу миллатҳо, давлатҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсири назаррас мерасонанд. Дар ин радиф ҷараёнҳои экстремизми сиёсӣ ва тероризми сиёсӣ аз ҳамаи ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои дигаре, ки хусусияти глобалӣ доранд, хатарноктар мебошанд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд.

           Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилотҳои террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро аксарияти ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои сиёсиву динии хусусияти экстремистӣ дошта, аз усули террор дар муборизаи сиёсии худ ба таври пардапӯшона ва махфӣ истифода мебаранд. Аммо ташкилотҳои калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд.

Дар айни замон тамоми қувваҳои зиддитеррористии ҷаҳон асосан баҳри несту нобуд кардани ин гуна ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ сафарбар карда шудаанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви қомилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарноки глобалӣ бетараф несту доим мубориза мебарад. Ва ҳама гуна мубориза бояд ба таври дастаҷамъӣ сурат бигирад, то натиҷаи баланд ба даст ояд. Вазъи кунунии ҷаҳон ҳоло барои ҳамагон маълум аст.

Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат, махсусан волидайнро зарур аст, ки  масъулиятро ҷиддӣ бигиранд, чунки аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ, хурофотпарастӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд  аз дастовардҳои Тоҷикистон биболему хушҳол бошему ба тақдири ояндаи Ватанамон бепарво нагардем. 

Ҷалолова Зухрохон

мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон