Тамрини ректор, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар майдончаи мавсимии варзишии Донишкада

Имрӯз, ректори Донишкада профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ аз кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандии факултети металлургия дидан намуда, бо таҷҳизот, ҳолатҳои майдончаҳои варзишӣ, маводи тамрин шинос шуда, худ барои боварии комил ҳосил намудан ба тамрин дар майдончаи баскетбол  пардохт.

Дар ҷараёни боздид мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ Илҳомзода Армон иттилоъ дод, ки дар толорҳои варзишӣ, тамрингоҳи асосӣ, маёдончаи баскетбол корҳои азнавсозӣ ва рангу бор пурра ба анҷом расида, равзанаҳои роҳрави асосӣ пурра аз сари нав бо пардаҳои ҳарир ороиш дода шуд. 

Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои азнавсозӣ ва ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба варзиш ба мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ Илҳомзода Армон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки толорҳои варзишӣ бояд 24 соат омода бошанд ва донишҷӯёну омӯзгорон бояд барои машғул шудан ба варзиш аз ин шароиту имконот  истифода созанд. 

Ҳамзамон, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба декани факултети металлургия Собирова Шукринисо яке аз бонуҳои фаъол ва масъулиятшинос барои дар самти дуруст пеш бурдани кор, дуруст ба роҳ мондани сиёсати корӣ дар факултет изҳори сипосмандӣ баён кард.

Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз тарғибгарони воқеии самти варзиш буда, худ низ пас аз соати корӣ ба варзиш машғул мешавад ва доимо таъкид менамояд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  роҷеъ ба варзиш чунин изҳори назар намуда буданд: “Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими  саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон  ва инъикоскунандаи  симои халқу миллат  дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад”.

Ва мо бояд ин суханони ҳикматомӯзи Сарвари хирадманди кишварро доимор сармашқи кори худ қарор дода, барои бурдани тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани обрӯву мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ талош намоем ва варзишро ҳамчун василаи муҳими беҳсозии саломатӣ ва сиҳатманду зебо мондани инсон, тарғибгари сулҳу дӯстӣ истифода намоем.

Ёдовар мешавем, ки дар кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандии факултети металлургия омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорандаи дараҷаҳои устоди варзиш ба шогирдон таълим медиҳанд ва донишҷӯёну даспарварони ин даргоҳ борҳо дар мусобиқоти вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ширкат намуда, соҳиби ҷоизаву унвонҳо ва маоқмҳои баланди варзишӣ гардидаанд.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов