Бо ташаббус ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ муайян гардидааст. Дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар ин соҳа шароити мусоидро барои ташаккули инфрасохтори муосири сайёҳӣ, ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин муаррифии фаъолонаи иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам овардааст.
Дар ин замина, масъалаи такмили механизмҳои идоракунии рушди сайёҳӣ дар сатҳи минтақавӣ аҳамияти хоса пайдо менамояд, ки ин раванд ба таври равшан дар мисоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) инъикос меёбад. Ин минтақа бо сабаби мавқеи нодири табиӣ-иқлимӣ, мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва тарзи зиндагии хоси аҳолии маҳаллӣ дар низоми сайёҳии кишвар мақоми махсусро ишғол менамояд.
Манзараҳои баландкӯҳи Бадахшон, экосистемаҳои нодири табиӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва меъморӣ, инчунин фарҳангу суннатҳои қадимии мардум барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва маърифатӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ҳамзамон, соҳаи сайёҳии ВМКБ бо як қатор маҳдудиятҳои объективӣ, аз ҷумла дастрасии душвори нақлиётӣ, сатҳи нокифояи инфрасохтори муҳандисӣ ва хизматрасонӣ, маҳдуд будани захираҳои сармоягузорӣ ва самаранокии пасти баъзе механизмҳои идоракунӣ рӯ ба рӯ мебошад.
Дар шароити муосир зарурати гузариш аз идоракунии мавсимӣ ба низоми мукаммал, стратегӣ ва илман асосёфтаи рушди сайёҳӣ возеҳ мегардад. Чунин равиш ба принсипҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ такя намуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаҳои маҳаллиро тақозо мекунад, ҳамчунин истифодаи васеи воситаҳои муосири таҳлилӣ ва пешгӯиро дар бар мегирад.
Дар ин раванд, рақамикунонӣ ва идоракунии соҳаи сайёҳӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Истифодаи платформаҳои таҳлилӣ, низомҳои иттилоотии ҷуғрофӣ ва унсурҳои зеҳни сунъӣ имкон медиҳад, ки ҷараёнҳои сайёҳӣ бо дақиқияти амиқ пешбинӣ шаванд, объектҳои табиӣ ва инфрасохторҳо баҳо дода шавад, қарорҳои идоракунии муосири зеҳни сунъӣ ба роҳ монда ва ҷозибаи сармоягузории минтақа афзоиш ёбад. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ҳамзамон ба баланд бардоштани шаффофияти идоракунӣ ва самаранокии истифодаи захираҳо мусоидат менамояд.
Татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ идоракунии рушди сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро на танҳо ба беҳтар гардидани фаъолияти сайёҳӣ оварда мерасонад, балки боис ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи даромади аҳолӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва таҳкими устувории иҷтимоию иқтисодии минтақа мегардад. Қайд намудан зарур аст, ки дар дурнамои дарозмуддат “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ва ҷараёни рушди сайёҳӣ ба ташаккули муносибати байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишваре дорои иқтидори нодири сайёҳӣ ва устувори рушди минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
аъзои вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ



