Феълан зиёд гардидани сафи созмонҳои террористиву экстремистӣ, зиёд мушоҳида шудани ҳолатҳои таассубгароиву хурофтпарастӣ маълум месозад, ки ҳанӯз ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ шакл нагирифтааст ва ҳанӯз ҷомеа ба равшании хирад ниёз дорад. Мутаассифона, мо то ҳанӯз натавонистаем дар ҷомеа амалиётҳои ифротгароёну тундгароиро барҳам занем. Зеро ҷалби ҷавонон ба ин равияҳо то ҳол идома дорад ва ин раванд ҳанӯз ҳам дида мешаваду аз бедонишӣ аст.
Шомил гардидани ҷавонони сустирода ба ин равияҳои ифротгароӣ оромии ҷомеаи гулгулшукуфони моро халалдор менамояд.
Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён ва шахсони маълум барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар ищтирок намуда, задухӯрдҳои мусаллаҳонаро амалӣ карда, ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидаён ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд.
Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус ҷавонон ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст.
Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.
Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбинӣ ва даҳшатафканиро маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат, волидайн ва уламои дин гирифта метавонад. Барои ин ватандӯстию инсондӯстиро ба меҳвари мафкура табдил додан зарур аст, то аз терроризму ифротгароӣ ҷилавгирӣ шавад. Бояд донист, ки нафарони ба гуруҳи террористӣ ва экстремистӣ шомилгашта роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон хоҳанд шу два номи ин ашхос ҳамчун хоини Ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи сиёҳ сабт хоҳад шуд.
Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем ва лаънат бар душманону ифротгароён бифиристему ҷомеаро аз роҳи бад боз дорем.
Икромзода Армон
омӯзгори ДКМТ