Санаи 13-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сеюмин Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Таҳсилоти олӣ ва илми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» ба кори худ оғоз бахшид.
Дар форуми мазкур, ки дар бахшҳо низ идома пайдо намуд, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат ва маъруза намуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мавзуи “Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди саноати кӯҳию металлургӣ ва омода намудани мутахассисони насли нав” маъруза намуда, масъалаҳои марбут ба ин соҳаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода, аз имкониятҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ин самт гуфта гузашт.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар форуми мазкур бо забони русӣ дар сатҳи баланд маъруза намуда, ҷиҳати истифода ва рушди зеҳни сунъӣ дар соҳаи саноат барномаи мукаммал пешниҳод намуд.
Ҳамчунин, ректори Донишкада дар Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки таҳти унвони «Таҳсилоти олӣ ва илми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» баргузор гардид ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва рушди соҳа бо Донишгоҳи давлатии техникии Фарғона, Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро, Донишгоҳи илмҳои геологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шудааст, ки дар он беҳтарин омӯзгорони дорандаи мадраки байналмилалӣ ба донишҷӯёни ихтисосҳои зеҳни сунъӣ таълим медиҳанд.
Шуъбаи иттилоот

