
Имрӯз, намояндагони Донишгоҳи Шандони Ҷумҳурии мардумии Чин бо донишҷӯёни кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозии факултети электромеханика мулоқот намуданд. Чорабиниро мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозии факултети электромеханика Холов Зафар ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Сипас, намояндаи Донишгоҳи Шандони Ҷумҳурии мардумии Чин ба донишҷӯён дар бораи мақоми забони чинӣ дар ҷаҳон, муҳаббат ба касб, санъати мошинсозӣ дар Чин ва технологияҳои истифодашаванда дар соҳаи мазкур маъруза хонд.