СОЗМОНИ ТЕРРОРИСТӢ- ОМИЛИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕАИ БАШАРӢ

 “Ҷаҳони пурталотуми имрӯза мардуми сайёраро ба мушкилоти тазотҳои зиёди хеле сангин рӯ ба рӯ намудааст, ки хатарноктарини онҳо терроризми байналмиллалӣ, радикализми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ мебошад”
Эмомалӣ Раҳмон
Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дорад. Суоле ба миён меояд: терроризм чист?
Таҳти мафҳуми терроризм содиршавии амалҳои зерин фаҳмида мешавад: содир намудани сӯхтор, таркиш, тирпаронӣ аз яроқи оташфишон ва ё дигар амалҳое, ки сабабгори марги мардумон мегардад, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ва молу мулк, инчунин ба миён омадани кирдорҳои дигари барои ҷамъият хатарнок, ки ин кирдорҳо бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё фишороварӣ ҷиҳати аз ҷониби мақомот қабул гардидани ягон қарор содир гардидаанд, сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ба намояндаи ҳокимият ё ходими давлатӣ вобаста ба фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо ва ғайра.
Дар Тоҷикистон ҷамъият дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва ғоявӣ инкишоф меёбад. Идеологияи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳоди ҷамъиятӣ, динӣ, гурӯҳе наметавонад ба сифати ғояҳои давлатӣ эътироф гардад. Мувофиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додан ва ё фаъолият бурдани ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки миллатгароӣ, хусумат ва бадбинии иҷтимоию мазҳабӣ, нажодпарастиро тарғибот мекунанд, ё ки барои ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ барои бо зӯрӣ сарнагун сохтани давлати конститутсионӣ даъват ба амал меоранд, манъ аст.
Терроризм яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнини замони муосир буда на танҳо хусусияти миллӣ, балки байналхалқӣ низ дорад. Андешаҳо, амалиёт ва ғояҳое, ки ба қонуну қоидаҳои ҷамъият мувофиқат намекунанд ва амнияти мардумро халалдор менамоянд, ба рушду шукуфоӣ ва ваҳдати халқҳои олам монеа мешаванд, ба терроризму экстермизм иртибот доранд.
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта сабабгори афзоиши шумораи гурезагон, бекорӣ ва гуруснагӣ гардидааст, яъне терроризм аз ҳарвақта бештар авҷ гирифта бо оҷибатҳои даҳшатноку бераҳмона ба проблемаи муҳимтарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.
Сад афсӯс, ки бархе аз ҷавонон баъди хатми мактаб барои идома додани таҳсил ё соҳиби ягон касбу кор шудан кӯшиш наменамоянд, ва ҳатто аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ менамоянд. Бо таъсири телефонҳои мобилӣ, филмҳои фаҳшу гумроҳкунандаи хориҷӣ, ва интернет ҷаҳонбинӣ ва гуфтору кирдори замрае аз ҷавонон ба куллӣ дигар шудааст, онҳо қоидаҳои одобро фаромӯш намудаанд, амалҳои ноҷоиз менамоянд. Коршиносон бар он ақидаанд, ки ҷавонони бешуғлу сатҳи донишашон пастро ба равияҳои хафнок шомил кардан хеле осон мебошад. Ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба халқу миллат бадбахтӣ меорад ва ба пешрафти ҷомеа монеа мегардад. Аз ин рӯ насли ҷавонро бояд дар рӯҳияи солиму созанда ва ҳамқадами ҷаҳони муосир будан таълиму тарбия кард, ки ин вазифаи ҷонии ҳар як омӯзгор ва падару модар мебошад.
Омӯзгорӣ пурифтихортарин ва пешрафтатарин касб ба ҳисоб меравад, чунки маҳз омӯзгорон роҳи ояндаи инсонҳоро муайян намуда чароғи маърифат меафрӯзанд. Бинобар ин масъулияти омӯзгорон нисбат ба коркунони дигар соҳаҳа хело зиёдтар аст, зеро чигунагии ояндаи Ватан, ҷомеа ва илму ҳунар ба ҷидду ҷаҳди мо-омӯзгорон вобастагӣ дорад. Алалхусус, дар замони муосир, ки даврони ҷаҳонишавии фарҳангҳост, маориф бояд сипори халқу миллати худ бошад. Пас, мо-омӯзгорон кори таълиму тарбия ва фаҳмондадиҳиро чунон ба роҳ бояд гузорем, ки ҷавонон ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар бештар мароқ зоҳир намуда ба ватани азизи худ меҳру муҳаббати зиёда пайдо намоянд, аз оқибатҳои нохуши ифротгароию терроризм бохабар бошанд, дар мубориза бар зидди ин амалҳои бадбахтиовар тайёр буда ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Маҳмудова С. С.
сармуаллимаи кафедраи фанҳои умумитехникии Донишкадаи кӯҳиюСозмонҳои террористӣ – омили хатарноки ҷомеаи башарӣ

сармуаллимаи кафедраи фанҳои умумитехникии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон