ИМРӮЗ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ИТТИФОҚИ КАСАБА АСТ ва тамоми кормандони ин соҳаро дар кишвар табрику таҳният мегӯям. Махсусан бародари азизу арҷмандам, дӯсти гиромиву поквиҷдон, устоди гиромиву арҷманд, ҷавони меҳандӯсту пайрави асили Пешвои муаззами миллат раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва ҳоло муовини аввали ректори ин боргоҳи таълимӣ Давлатзода Давлатро ба ин рӯз табрику таҳният гуфта, барояшон барору муввафақият ва сарбаландиву саодатмандӣ таманно менамоям.
Давлатзода Давлат ҳамчун ҷавони ватандӯст ва меҳнатдӯст ба ҷавонии хешро нигоҳ накарда, Иттифоқи муттаҳидаи касабаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро зинда кард ва ин ниҳод дар давраи роҳбарии ин бародари азиз, ҳомиву пуштибон ва мададрасони тамоми кормандон гардид.
Ҷомеаи меҳнатӣ аз вуҷуди Иттифоқи касаба ба лутфи ин бародари азиз, бо хислати волои саховатпешагияш эҳсос намуд, ки дар донишкада чунин ниҳоде ҳаст.
Сухан бисёр аст, лек ҳамчун корманд ва ҳамчун шахси шоҳид аз ҳама кору амалкарди Шумо Давлатзода Давлат минҳайси раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада бароятон ҷаҳони сипос мегӯям ва миннатдории самими хешро баён медорам!
Мо, талошҳо, кӯшишҳо ва хидматҳои шуморо ҳаргиз фаромӯш намесозем ва бо буданатон ифтихор менамоем!
Ҳамеша пирӯз ва муваффақ бошед, бародари азиз!
Рӯзи кормандони Иттифоқи касаба муборак бошад!
Бо эҳтиром М. Саидов
