Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар ҷараёни баргузории ҳамоиши бузурги ҳизбии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – кафили субот ва пойдории истиқлоли давлатӣ» дар Донишкада як қатор шахсони фаъол, собиқадорон, ҷавонон бо мукофотҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода дар ин ҳамоиши бузург барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими ҳисси ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ дар байни ҷавонон, иштироки фаъол дар чорабиниҳои ҷамъиятиву ҳизбӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон олими ҷавон ва ватандӯст, шахси масъулиятшиносу меҳнатдӯст, маорифпарвари ҷонфидо, пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ, олими нуктасанҷ, шахси саховатманд муовини аввали ректор Давлатзода Давлатро бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонид.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада олими ҷавон, муовини аввали ректор Давлатзода Давлатро ба ин дастоварди ҳизбӣ табрику таҳният гуфта, барояшон дар фатҳи қуллаҳои баланди илм, расидан ба муваффақиятҳои беназир барору муваффақият ва комгорӣ таманно менамоем.
Мукофоти баланди ҳизбӣ хуҷаста бод устод Давлатзода Давлат!
Шуъбаи иттилоот
