
Санаи 14.05.2025 муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Раҳимова Шаҳноза Каримовна бо сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ ва бахшида ба Рӯзи оила сарфароз гардонида шуд.