СЕМИНАРИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШКАДА: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН НАҶОТБАХШИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

Имрӯз дар толори китобхонаи илмӣ-электронии Донишкада бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши давлати тоҷикон” баргузор гардид.
Семинарро декани факултети металлургия хонуми фаъол ва пешгом, дотсент Собирова Шукринисохон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, рушди давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани сулҳу суботи комил дар кишвар, таҳкими пояҳои давлатдорӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нестӣ наҷот дода, миллатро аз бесарусомонӣ ҳифз намуда, сулҳу суботро ҷорӣ сохта, ҷомеаи мамлакатамонро ба саодат расониданд. Таҷлил аз Рӯзи Президент ин қадршиносӣ аз хидмат ва талоши Сарвари давлат барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сипас, дар семинари илмӣ-назариявӣ муовини декани факултети металлургия оид ба тарбия Бақоев Беҳзод дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон ва саноатикунонии босуръати кишвар”, муовини декани факултети электромеханика, омӯзгори фаъол ва пешсаф Саидов Анвар дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши давлати тоҷикон”, директори китобхонаи илмӣ- электронии Донишкада Мамадқулова Раъно дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ” ва омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ Қодирова Маҳина дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо ва ҳомии миллат” маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ҳар миллати хирадманд ва худшинос бояд аз қаҳрамонҳо, роҳбарон ва ҷонфидоёни кишвараш қадр намоянд. Чунки хидмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлату миллати тоҷик, барои муаррифии давлату миллат бениҳоят бузург мебошад.
Дар кори семинар ҳамчунин, донишҷӯён низ фаъолона ширкат намуда, андешаҳои хешро роҷеъ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси факултети металлургия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов