СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШКАДА: КОНСТИТУТСИЯ -КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ ШАҲРВАНДОН

Имрӯз дар факултети корҳои кӯҳӣ бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Конститутсия-кафолати зиндагии шоистаи шаҳрвандон” баргузор карда шуд.
Дар семинар муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Бобоев Маҳмадалӣ, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, мудири кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ Самадова Гули ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.
Чорабиниро декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақоми баланди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар танзими ҳаёти ҷамъиятӣ суханронӣ намуд.
Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон дар мавзуи “Конститутсияи санади тақдирсози миллат” маъруза намуда, иброз дошт, ки дар эҷод ва таълифи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замонавӣ ва ҳомиди давлату миллат гардидани ин санади тақдирсоз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва таърихӣ мебошад…
Дар семинари илмӣ-назариявии имрӯза, ҳамчунин муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Бобоев Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Ҳамзамон, дар семинари илмӣ-назариявӣ мудири кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ профессор Самадова Гули дар мавзуи “Конститутсия-кафолати зиндагии шоистаи шаҳрвандон” маъруза намуд.
Ҳамчунин, дар семинари имрӯза омӯзгорони кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ Раҳимов Ҷасур ва Боев Довар низ маъруза намуда, роҷеъ ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва мақому манзалати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ин семинари мазкур бо ташаббуси раёсати тарбия ва кафедраи геология ва корҳои маркшейдерии факултети корҳои кӯҳӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов