
Дар кафедра коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки факултети корҳои кӯҳӣ семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Меҳнатдӯстӣ ва садоқат бар Ватан – волотарин хислати инсонӣ” бо ширкати донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид.
Дар семинари имрӯза, сардори раёсати таълим дотсент Осими Оқил, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.
Дар чорабинӣ нахуст сардори раёсати таълим дотсент Осими Оқил роҷеъ ба меҳандӯстӣ, оинҳои ҷавонмардӣ, қарзи ҷавонмардӣ, уҳдадориҳои шаҳрванд дар назди Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти Тоҷикистон, хислатҳои волои инсонӣ, ахлоқи ҳамида, илм омӯхтан, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва садоқатмандиву самимият суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳар як ҷавон бояд нисбат ба меҳан мисли нисбат ба модар меҳру муҳаббат дошта бошад, ватанашро дӯст дорад. Ватандӯстӣ- ин волотарин хислати инсонӣ мебошад!
Ҳамчунин, дар чорабинӣ сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём дар мавзуи “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон- сипари наҷот аз ҷаҳолат ва ифротишавӣ” ва сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз дар мавзуи “Пешгирии хурофотпарастӣ ин саҳмгузорӣ бар рушди ҷомеа солим” маъруза намуда, роҷеъ ба тарбияи ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷаҳолатпеша ва зарару зиёни хурофотпарастӣ гуфта гузаштанд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси раёсати тарбия ва раёсати таълим баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
