Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 75-солагии олими барҷаста, омӯзгори асил ва пажӯҳишгари муваффақ Манон Мавлонов семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Саҳми Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омода намудани экологҳои ҳирфаӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, профессор Манон Мавлонов ва дигар ҳайати роҳбарикунанда, омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.
Семинарро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти профессор Манон Мавлонов, ҷараёни омода намудани мутахассисони соҳаи экология ва саҳми олимон ба рушди соҳаи мазкур сухан ронда, изҳор дошт, ки хидматҳои профессор Манон Мавлонов дар омода намудани мутахассисони соҳаи экология, роҳнамоӣ намудани мутахассисони ҷавон ва тарбияи насли донишомӯз бисёр назаррас ва арзишманд мебошад.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат дар мавзуи “Саҳми Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омода намудани экологҳои ҳирфаӣ”, профессори кафедраи экология Юнусов Музаффар дар мавзуи “Фаъолияти омӯзгорӣ ва рисолати бузурги тарбиявии профессор Манон Мавлонов” декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат дар мавзуи “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар коркарди нафт ва омӯзиши қабатҳои он”, омӯзгори кафедраи экология Назарова Маҳинахон дар мавзуи “Истифодаи портали E-Library дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ” ва дигар омӯзгорону кормандон суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ ҳамзамон профессор Розиқов Зафар суханронӣ намуда, нақши профессор Манон Мавлоновро дар таълиму тарбияи насли ҷавон, омода намудани экологҳои ҷавон ва касбӣ бисёр ҳам муассир арзёбӣ намуд. Мавсуф аз хотирот ва нақши бисёр ҳам созандаи профессор Манон Мавлонов ёдовар шуда, таъкид намуд, ки чунин инсонҳо шоистаи волотарин ҳарфҳо ҳастанд. Чунки умри хешро сарфи илму маориф намудаанд….
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи экологияи факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав баргузор карда шуд.
