СЕМИНАРИ ИЛМӢ -НАЗАРИЯВӢ ДАР ДКМТ: РУШДИ ГЕОЛОГИЯИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Бахшида ба 75-солагии олими муваффақ, геологи барҷаста ва омӯзгори собиқадор Анвар Отаев дар толори Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ -назариявӣ таҳти унвони “Рушди геологияи тоҷик дар замони истиқлол” баргузор гардид.
Дар семинар ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, профессор Анвар Отаев ва дигар омӯзгорону кормандон, меҳмонон фаъолона ширкат намуданд.
Чорабиниро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба рушди геологияи тоҷик, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи геология, ҳалли муаммои мавҷудаи соҳа ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳа сухан ронда, аз саҳми Анвар Отаев ҳамчун омӯзгор ва геологи собиқадор дар омода намудани мутахассисони соҳаи геология тавсиф намуд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат дар мавзуи “Рушди геологияи тоҷик дар даврони Истиқлолият”, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой дар мавзуи “Омода намудани мутахассисони соҳаи геология ва ҳалли муаммои соҳа” ва дигар омӯзгорон суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин профессор Розиқов Зафар ва дигар омӯзгорону кормандон суханронӣ намуда, саҳми арзандаи профессор Анвар Отаевро дар омода намудани мутахассисони соҳаи геология бисёр муҳим ва назаррас арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси кафедраи геология ва корҳои маркшейдерии факултети корҳои кӯҳӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот