СЕМИНАРИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ДКМТ: “КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ”

Дар толори Шурои олимони Донишкада бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Конститутсия -бахтномаи миллат” бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён баргузор карда шуд. Семинарро декани факултети металлургия бонуи фаъол Собирова Шукриниссо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Конститутсия дар ҳаёти инсон ва рушди ҷамъият, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани мақоми Конститутсия сухан ронда, изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин Конститутсияҳо маҳсуб меёбад. Мавсуф изҳор дошт, ки Конститутсияи ин бахтномаи миллат аст ва ҳомии ҳар як шаҳрванд ин Конститутсия мебошад.
Ҳамчунин, дар семинари имрӯза, муовини декани факултети металлургия Бақоев Беҳзод дар мавзуи “Конститутсия асоси пешрафту субот”, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо Муслимзода Хайём дар мавзуи “Риояи қонун ва саодати халқ”, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ Қодирова Маҳина дар мавзуи “Таърих ва мақоми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Муҳиддинов Фазлиддин дар мавзуи “Зиракии сиёсии ҷавонон сипари боэътимод” маъруза намуда, зарурияти қонунмандӣ, қонунсолорӣ, риояи ҳуқуқ ва тартибот, ҳифзи асолати инсонӣ, мақоми ин санади бузург ва асосҳои қонунгузории кишварро шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар фарҷоми семинар донишҷӯён ба устодон роҷеъ ба ҳуқуқи конститутсионӣ, талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақому манзалати қонун суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, огоҳ гардидан аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ибтикори раёсати тарбия ва факултети металлургия баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов