Имрӯз, дар толори Шурои олимони Донишкада, бо ибтикори кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бахшида ба 33- юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Рӯзи Президент – рамзи ваҳдат ва якпорчагии мамлакат” баргузор гардид.
Семинарро декани факултети корҳои кӯҳӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Маҳмудов Ҳасанбой Аҳмадҷонович ҳусни оғоз бахшида, аҳамияти ин рӯзҳои таърихиро дар тақдири миллати тоҷик махсус таъкид намуд. Ӯ қайд намуд, ки маҳз Иҷлосияи 16-ум заминаи қонунӣ ва сиёсӣ барои барқарорсозии ҳокимият ва бунёди низоми президентӣ дар кишвар гардид. Мавсуф, изҳор дошт, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти хеш баҳри саодати миллат ва бақои давлат талош намуданд.
Баъдан, сухан ба муовини ректори Донишкада оид ба корҳои тарбия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирзозода Воҳид Мирзо дода шуд. Ӯ дар баромади худ аҳамияти тарбиявӣ ва идеологии ин чорабиниро махсус зикр карда, қайд намуд, ки донишҷӯён бояд таърихи давлатдории миллиро амиқ донанд. Ӯ нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳ, ваҳдат ва рушди соҳаи маорифу илм, бахусус илмҳои техникӣ ва геологӣ, хеле муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки маҳз бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Сарвари хирадманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба амнтарин кишвари дунё табдил ёфту сатҳу сифати зиндагии мардум, рушд ёфт.
Сипас, мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, номзади илмҳои геология ва минералогия Мутавалиев Абдуваҳҳоб Толибҷонович бо баромади пурмуҳтавои худ таҳти унвони “16 Ноябр – таҷассумгари сарнавишти миллат ва мақоми давлатсоз” баромад намуд.
Мутавалиев А.Т. дар маърузаи хеш ба ду нуктаи таърихӣ тамаркуз фармуда, чунин ибрози ақида намуд:
Наҷоти миллӣ дар Иҷлосияи 16-ум (1992): Таъкид шуд, ки интихоби Раиси Шурои Олӣ дар шароити хатари нобудии давлат, қадами аввалин ба сӯи барқарорсозии ҳокимияти марказӣ ва оғози роҳи сулҳ буд.
Таҳкими конститутсионӣ (1994): Қайд гардид, ки савгандёдкунии нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин рӯз, расман гузариш ба низоми идораи президентӣ ва таъмини кафолати истиқлолиятро дар заминаи Конститутсия муқаррар кард.
Дотсент Мутавалиев Абдуваҳҳоб, мақоми Президентро “меҳвари консептуалӣ” дар низоми сиёсӣ номида, изҳор дошт, ки Рӯзи Президент ҷашни як шахс нест, балки ҷашни Мақом ва Институти Президентӣ мебошад, ки кафили сулҳ, якпорчагӣ ва рушди устувори кишвар аст.
Семинар бо шунидани маърузаҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон идома ёфт, ки мазмуну муҳтавои сиёсати Пешвои миллатро аз ҷанбаҳои гуногун инъикос карданд.
Аз ҷумла, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Осими Оқил таҳти унвони “Аҳамияти асари Пешвои миллат “Забони миллат – ҳастии миллат” баромад намуд. Дотсент Осими Оқил масъалаи забони давлатӣ ва фарҳангро ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ таҳлил намуда, таъкид кард, ки таваҷҷуҳи Президент ба масъалаи забон кафолати ҳифзи ҳувияти миллии тоҷикон дар ҷаҳони муосир мебошад.
Муаллими калони кафедраи мазкур Бобоҷонов Савриддин Нурович маърузаи худро, ки “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ-иҷлосияи наҷотбахш” номида буд, бо далелҳои таърихӣ тасдиқ намуд, ки Иҷлосияи 16-ум воқеан як иҷлосияи таърихӣ ва наҷотбахш буд. Бобоҷонов С.Н. қайд намуд, ки қарорҳо ва рӯҳияи ватандорие, ки аз он иҷлосия сарчашма гирифт, заминаи идеологии Созишномаи умумии сулҳро муҳайё намуд.
Қисмати ниҳоӣ ва эҳсосии семинарро композитсияи рангин дар васфи Пешвои миллат ва дастовардҳои истиқлолият дар иҷрои донишҷӯёни факултет зебу зиннат дод.
Ин намоиши донишҷӯён нишон дод, ки насли ҷавони Донишкада аҳамияти Рӯзи Президент ва нақши Пешвои миллатро дар таҳкими давлатдории миллӣ амиқ дарк мекунанд ва ҳамеша омодаанд, ки дар роҳи ваҳдату якпорчагии мамлакат саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Ҳозирин якдилона таъкид карданд, ки ҳифз ва таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа, махсусан ҷавонон, мебошад ва арҷ гузоштан ба шахсиятҳои таърихсоз ва давлатмард ин як навъ фарҳанги сипос аз хидмати ин бузургон мебошад.
Шуъбаи иттилоот


