СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМ ВА МАОРИФ”

Санаи  24.05.2025  дар   толори видиоконфронси донишкада  семинари  илмӣ-амалии факултети металлургия бахшида ба амалисозии Бистсолаи омӯзиш ва рушти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣдар соҳаи илм ва маориф баргузор гардид.  Дар кори семинар ректори донишкада д.и.и., профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.т., дотсент  Раҳимова Ш.К., декани факултети корҳои кӯҳӣ д.и.т. Самадова Г.М., декани факултети электромеханика н.и.ф.м. профессор Қозиев К.С., декани факултетии металлургия н.и.п., дотсент Шамсидинов Ш.М.,  сардори  раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалии донишкада Мирсаидова Ф.А. ва зиёда аз 30 нафар омӯзгорону кормандони донишкада иштирок намуданд.

Дар ибтидо муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.т., дотсент Раҳимова Ш.К.,   бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд намуд, ки  тибқи  нақшаи умумидонишкадавии баргузории семинарҳои  илмӣ-амалии  кафедраҳои ДКМТ барои соли хониши 2024-2025  имрӯз семинари  илмӣ-амалии  кафедраҳои факултети металлургия бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф баргузор мегардад.   Ӯ қайд намуд, ки дар ин масала дар донишкада бисёр корҳои назаррас иҷро шудаанд. Аз ин лиҳоз,  мавзъӯҳои семинари илмӣ-амалии навбати  факултети металлургия  ба амалисозии Бистсолаи омӯзиш ва рушти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф дар самти масъалаҳои муҳими экологӣ, саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани сифатии таълим ва аҳамияти забоҳои хориҷӣ  бахшида шудааст.  

Аз рӯи масъалаи якуми семинар   н.и.т. и.в. дотсенти кафедраи металлургия Саксанова Н.А. – омӯзгори калони кафедраи экология дар мавзӯи  “Таъсири корхонаҳои кӯҳӣ ба табиат” маърӯзаи илмӣ намуд.

Оид ба ин масъала   н.и.т, ив дотсенти кафедраи ТҲН Бобоев Р.М.,  н.и.т., и.в дотсенти  кафедраи корҳои нафту газ Мирбобоев Ш.Ҷ, ва чанде дигарон ба саволҳои худ посух гирифтанд.

 Аз рӯи масъалаи дуюм Баҳронова М.М. – омӯзгори калони кафедраи ЗД ва ЗХ дар мавзӯи  “Омӯзиши забони англисӣ дар ихтисосҳои ғайритахассусӣ”  маълумотҳо дод.

Оид ба ин масъала мудири кафедраи металлургия, н.и.т., и.в. дотсент  Раҳимзода Ҳ.Ш., н.и.ф.м., профессор Қозиев К.С., ва чанде дигарон ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Аз рӯи масъалаи сеюми семинар Шеров З.М. – ассистенти кафедраи Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар мавзӯи  “Рушди соҳаи заргарӣ дар даврони истиқлолият ва татбиқи супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар амал” маъърӯзаи илмӣ намуд.

Оид ба ин масъала мудири кафедраи экология, н.и.т., и.в. дотсент  Ҳоҷибоев Д.Д., мудири кафедраи И ва И н.и.и. и.в. дотсент Облоқулов В.М. ва чанде дигарон баромад намуда, изҳори ақида намуданд.

Аз рӯи масъалаи сеюми семинар Ғаффоров Х.Н. – омӯзгори калони  кафедраи ТҲН дар мавзӯи  “Ҷанбаҳои логистикии кори нақлиёти автомобилӣ дар вилояти Суғди” маъърӯзаи илмӣ намуд.

Дар сухани ҷамъбастии кори семинар муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.т., дотсент Раҳимова Ш.К., баромад намуда, мавзӯъҳои баррасишударо  муҳим арзёбӣ намуда,  қайд намуд, ки мавзӯъҳои баррасишуда  аҳамияти муҳими амалӣ дошта,    ҷорӣ намудани дастовардҳои  илмӣ ва ихтироотҳои  кафедраҳои факултет  дар истеҳсолоти соҳавӣ ва раванди таълим  барои амалисозии Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон,  хеле  муфид ва саривақтӣ мебошад.

 

Раҳимова Ш.Қ.

Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ