
Имрӯз, дар толори Шурои олимони донишкада бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Коррупсия ва оқибатҳои нохуши он дар ҷомеа” баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники адлия Турсунзода Шодком Худоймурод, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид ва сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳои факултетҳо ва донишҷӯёну кормандон ширкат намуданд.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба оқибатҳои зараровари коррупсия, паёмади даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, пешгирӣ ва мубориза ба амалҳои номатлуб сухан ронда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст задан ба амалҳои коррупсиониро комилан маҳкум намуда, мубориза бар зидди коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат унвон кардаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин арз дошта буданд: “Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад”…
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз дошт, ки дар соҳаи илму маориф даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ин хиёнати нобахшиданист! Мо, ҳама гуна амалҳои хусусияти коррупсионидоштаро дар соҳаи маориф маҳкум мекунем ва барои нест намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ доимо мубориза мебарем.
Дар чорабинӣ ҳамчунин, сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники адлия Турсунзода Шодком дар мавзуи “Муқовимат бо коррупсия дар соҳаи маориф ва илм: мушкилот, дурнамо ва роҳҳои ҳалли он” суханронӣ намуда, роҳҳои пешгирӣ, мушкилоти мавҷудаи роҳҳои мубориза бо амалҳои коррупсионӣ ва оқибати даст задан ба амалҳои коррупсиониро дар соҳаи маориф гуфта гузашт. Мавсуф, изҳор дошт, ки мубориза бо ҷиноятҳои хусусиятҳои коррупсионӣ дошта дар соҳаи илм ва маориф яке аз ташаббусҳои ватандӯстонаву саҳмгузори дар соҳаи маориф мебошад. Дар соҳаи илм ва маориф даст задан ба амалҳои хусусияти коррупсионидошта ин хиёнат ба давлату миллат мебошад…
Ҳамзамон, дар чорабинӣ, ҳуқуқшиноси донишкада дар мавзуи “Коррупсия монеаи асосии рушди давлат ва ҷомеа” маъруза намуд.
Дар интиҳо сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники адлия Турсунзода Шодком Худоймурод аз ҳозирин даъват намуд, ки чӣ суол ва нофаҳмие дар роҳи мубориза бо коррупсия ҳаст, марҳамат бипурсед. Ҳозирин ба подполковники адлия Турсунзода Шодком Худоймурод ҷиҳати маърузаи пурмуҳтаво ва машварату роҳнамоӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов