Ватандӯстӣ аз зумраи муқаддастарин арзишҳои инсонӣ ва рукни муҳими устувории давлатдорӣ ба шумор рафта, асоси қуввати миллат ва кафолати ояндаи дурахшони ҳар як кишвар эътироф гардидааст. Ин эҳсоси баланд инсонро ба роҳи нек, созандагӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ раҳнамун месозад. Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон масъалаи тарбияи ватандӯстии насли ҷавон яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардида, дар ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи худ нақши калидӣ мебозанд. Саҳми ин бузургмард дар таҳкими сулҳ, рушди маънавият ва боло бурдани мавқеи ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи ҷомеа дар тарбияи ватандӯстӣ аҳамияти беандоза дорад. Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ тамоми талошу заҳмати хешро барои ба кишвари аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони он равона сохтанд ва дар ин ҷода муваффақ низ гардиданд. Имрўз саҳми ҷавонон дар фаъолияти ҳама соҳаҳои мамлакат назаррас буда, бе иштироки ин неърўи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.Ҷавонон бунёдгузор, муаррифкунанда ва пешбарандаи давлату миллати тоҷик буда, ояндаи дурахшони имрўзу фардои кишвар аз ҳар яки онҳо вобастагӣ дорад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан таъкид менамоянд, ки: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқааддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Ин дастуру ҳидоятҳо ва иқдомҳои сарвари давлат пайваста ба ҷавонон бояд сармамашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарўзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо қарор гирифта, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурўҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизамонро ғуборолуд созанд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз азму субот ва талошҳои Пешвои миллат давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба ҷомиаи ҷаҳонӣ пайваст намуд. Ӯ барои таҳкими ҳуввияти миллӣ ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллӣ кӯшида, мақсад гузошт, ки миллатро бори дигар барои худи миллат ва оламиён шиносонад, ифтихори миллиро дар рӯҳу ҷони мардум ба хусус ҷавонон бипарварад ва баланд бардорад, ҳаммеҳанонро ба созандагиву офарандагӣ ҳидоят намуда, риштаҳои муҳаббату ҳамдилиро миёни тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, навобаста аз мансубияти милливу нажодиву мазҳабӣ, пайваст кунад ва барои устувор намудани иттиҳоду сарҷамъӣ ва пойдории дигар арзишҳои инсонӣ масъул бошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромад ва суханрониҳои хеш таъкид месозанд, ки “Ҷавонони мо бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳамаҷониба омўхта, аз сиёсати имрўза воқиф бошанд, таърихи пурифтихори гузаштаву имрўзаи халқи худро гаштаву баргашта сафҳагардонӣ намуда, аз Ватан, миллат, забон, мазҳаб ва фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд”. Зеро таърих шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон дар ягон давру замон миллати пешипоуфтода набуданд, туфони ҳаводису сарнавишт эшонро ҳар куҷо бурда бошад, хираду дониш зевар ва созандагиву бунёдкорӣ шоиронаш буд, аз илми оламиён баҳравар мешуданд, вале бо ақлу шуури дидгоҳи хеш аз он кор мегирифтанд, хуб медонистанд, ки ақли ёддода ақл нест, бояд ҷавҳари асл аз худи мо бошад. Халқи тоҷик дар тули таърих тамаддуни халқиятҳои бегонаро бо дастовардҳои безаволи фарҳангиаш ҳазм намуд ва беҳтарин бозёфтҳои маънавии фотеҳони сарзамини хешро ба монанди Синову Рӯдакӣ, Фирдавсиву Берунӣ, Айниву Ғафуров ва даҳҳои дигарро аз бар кард.
Бояд қайд намуд, ки омӯхтани таъриху фарҳанги ниёгони мо танҳо ба хотири донистани гузашта набуда, балки он як дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад. Сарвари давлат борҳо ба ин нукта ишора мекунанд, ки миллат агар шахсиятҳои бузург надошта бошад, худшиносии дуруст ҳам дошта наметавонад. Ҳамчунин агар миллат тафаккури солим надошта бошад, ба гирдоби ҷаҳолат ғутавар гашта, аз аслу решаи хеш канда мешавад. Имрӯз моро мебояд, ки аз таҷрибаи маънавиятгароии гузаштагони худ пурсамар истифода барем, дар ниҳоди аҳли ҷомеа парваридани бовариву эътимод нисбат ба инсон ва эҳсоси баланди одамият ҳадафи аслӣ ва дурнамои аҳли илму адабро ташкил диҳем.
Бо ҳамин мақсад, имрӯз мо бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушоямонро, ки дар роҳи таърих ба иқдоми нав камар баста, ба дастовардҳои бузург ноил гаштаанд, рӯй меоварем. Зеро сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ рӯ овардан ба гузаштаи пур ифтихор, ҳифзи тамаддун ва мероси фарҳангии ниёгон, поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Чуноне, ки шоираи ваҳдатсаро Рудобаи Мукррам мефармояд:
Мо тоҷикем, вориси он қавми пурғурур,
Бар души мост панҷаи партавфишони нур.
Як сарзамини меҳру саховат вуҷуди мост,
Аз мо саломи меҳр расон то ба дури дур.
Пешвои миллат имрӯз ба ҷавонон имкониятҳои зиёдеро фароҳам оварда ҷавононро ҳамчун нерӯи асосии созанда эътироф мекунанд. Аз ҷумла Қабули Стратегияи давлатии сиёсати ҷавонон, эълони соли ҷавонон, таъсиси бунёди ҷавонон, баргузории озмунҳо чун ихтироъкори беҳтарин, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикон-оинаи таърих”, “Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат”, “Шоҳномахонӣ”-ҳамаи он барои рушди фикрронӣ, эҷодкорӣ ва худшиносии миллӣ асос мегузоранд.
Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар ҳақиқат сарвари давлат пайроҳаи гузаштагони худро давом дода, бе муболиға шахсияти волои таърихсоз аст. Асарҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Мавлонои Балхӣ ва тамаддуни башарӣ”,”Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор”, “Забони миллат-ҳастии миллат”,”Чеҳраҳои мондагор” ва амсоли инҳо аз ҷумлаи пажуишҳои пурвусъату бунёдие ҳастанд, ки ба қалами маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон мутааллиқ мебошанд.
Пешвои миллат дар суханрониҳо ва асарҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки миллат бе худшиносӣ ва бе эҳтироми таърих пеш намеравад. Ба воситаи барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, таҷдиди ҷашнҳои миллӣ, нашр осори муътабари классикон ва бунёди марказҳои илмиву фарҳангӣ эҳсоси ифтихори миллӣ дар ҷомеа, махсусан ҷавонон, таҳким меёбад. Имрӯз олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд.
Дар роҳи дастгирӣ ва ҳамовозӣ ба давлатӣ хеш имрўз тарбияи фарҳангии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад, зеро ҷавонон созандагони ояндаи ҷомеа буда, аз ҷаҳонбинию ҷаҳонсозии онҳо инкишофи минбаъда вобастагӣ дорад. Нақши падарону модарон, устодон, олимону адибон ва ҷамъи солхурдагоне, ки пастию баландии зиндагиро хуб медонанд, бояд дар таълиму тарбияи насли наврас нишонрас бошад.
Моро лозим аст, ки насли ҷавонро дар рўҳияи ростию покӣ, адолату ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ бо истифода аз мероси маънавии миллатамон тарбият намоем. Гуфтаҳои боло дар раванди зиндагии имрӯзу фардои мо зарур буда, нигоранда орзуманди амлӣ шудани ҳамин ақидаҳо, дар ҷодаи андешаҳои миллӣ ва тарбияи ватанпарастии ҷавонон мебошад. Боиси ифтихор аст, ки имрўз ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зўру бозўи худ Тоҷикистонро ба арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳани азизи худ гардидаанд.
Холова Фахринисо Фатҳуллоевна
муовини декан оид ба илми факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
