САФИ ОЛИМОНИ УНВОНДОРИ ДОНИШКАДА МЕАФЗОЯД

Имрӯз, зимни баргузории ҷаласаи раёсат, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ омӯзгори собиқадор ва масъулиятшинос, муаллими калони кафедраи корҳои нафту гази факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Искандар Ибрагимовро ба муносибати дифои рисолаи номзадӣ табрику таҳният гуфта, ба ӯ дипломи унвони илмии номзади илмҳои техникиро ботантана супориданд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз фаъолияти Ибрагимов Искандар тавсиф намуда, ба ҷавонон машварат дод, ки дар ҳар ҳолат, бояд дар пайи омӯзишу таҳқиқ бошанду аз бузургсолон омӯзанд. Роҳи илм ҳамвор нест, лек ҷаҳду талош ва омӯзиши пайваста инсонро ба мақсад мерасонад…
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада устоди арҷманд, Ибрагимов Искандарро бо ин дастоварди илмӣ табрику таҳният гуфта, барояшон дар корҳои минбаъдаи илмӣ барору комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.
Шуъбаи иттилоот