САФАР ВА ШИНОСОИИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ МИЁНАИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ДКМТ

21 августи соли 2025 беш аз 30 нафар хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (ДКМИТ) ва ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» (YGPE) ба донишкада ташриф оварданд.

Меҳмононро ректори донишкада, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ хайрамақдам гуфт. Дар сухани ифтитоҳии худ ӯ зикр кард, ки дар донишкада мутахассисон аз рӯи 29 ихтисос омода карда мешаванд. Ҳамчунин ректор оид ба факултетҳо ва кафедраҳои донишкада маълумот дод. Ӯ саҳми Тоҷикистонро дар ташаббусҳои байналмилалӣ вобаста ба масоили об ва иқлим таъкид намуда, қайд кард, ки оянда дар дасти ҷавонон аст ва маҳз онҳо бояд табиат ва муҳити зистро ҳифз намоянд, то барои наслҳои оянда нигоҳ дошта шавад.

Хонандагон бо биноҳо ва озмоишгоҳҳои экология, илмҳои табиӣ, металлургия, геология ва заргарӣ шинос шуданд. Ба онҳо тамоми раванди истеҳсолот — аз ҷустуҷӯи канданиҳои фоиданок то ба даст овардани металл ва сохтани маҳсули заргарӣ — нишон дода шуд.

Барои меҳмонон бозии онлайнӣ тавассути барномаи Kahoot дар мавзӯи илмҳои табиӣ ва дақиқ ташкил карда шуд. Ҳамаи хонандагон бо истифода аз телефонҳои ҳамроҳ дар он иштирок намуданд. Ғолибон ба таври худкор муайян гардида, аз донишкада тӯҳфаҳои хотиравӣ гирифтанд.

Дар анҷоми сафар онҳо ҳамчунин бо фаъолияти Институти Конфутсий назди ДКМТ шинос шуданд. Омӯзгорон раванди таълимро муаррифӣ карда, таъкид намуданд, ки дар ин ҷо на танҳо забони умумии чинӣ, балки забони чинӣ бо ихтисосҳои гуногун низ таълим дода мешавад. Барои донишҷӯёни соли аввал дарсҳо ройгон ба роҳ монда шудаанд.

Мирбобоев Ш.Ҷ.

Мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ